Дар ноҳияи Данғара маркази хизматрасонӣ ва иттилоотию сайёҳӣ ифтитоҳ гардид

Май 22, 2019 13:50

ДУШАНБЕ, 22.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар ҷамоати деҳоти «Корез»-и ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон маркази хизматрасонӣ ва иттилоотию сайёҳӣ ифтитоҳ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

«Дар заминаи роҳандозии имтиёзҳои андозию гумрукӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст, соҳибкорони ватаниро ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ ҳавасманд гардонид.

«Дар ҷамоати деҳоти «Корез»-и ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон аз ҳисоби соҳибкори маҳаллӣ маркази хизматрасонӣ иборат аз се ошёна бунёд шуда, мавриди истифода қарор гирифт. Дар ошёнаи якум маркази иттилоотии сайёҳӣ ва мағозаи фурӯши армуғон ҷойгир шудаанд. Ошёнаи дуюм барои ҷойи хоби сайёҳон пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаи сеюм ошхона ва толори варзишӣ барои сайёҳон ҷойгир аст. Дар марказ 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд», — зикр намуд манбаъ.

Ҳамчунин, дар ҷамоати мазкур як меҳмонхонаи нав бо 12 утоқ мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар он 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки иншооти мазкур ба хатсайри сайёҳии Душанбе-Данғара-Балҷувон-Ховалинг-Муъминобод-Душанбе ворид гардидааст, ки ширкатҳои сайёҳӣ аз он васеъ истифода менамоянд.

Ёдгориҳои меъмории ноҳия ин Мақбараи Шаҳид, Мақбараи Хоҷа Шақиқи Балхӣ, Мақбараи Мавлоно Тоҷиддин, Мақбараи Мавлоно Обиддин, Оромгоҳи Сари Қалъа, Оромгоҳи Мавлоно Файзулло, Оромгоҳи Мавлавӣ Шамс, Оромгоҳи Мирсайид Ибод, Мақбараи Хоҷаи Заррин, Мақбараи Аслиҳо, Мақбараи Мулло Амон ва Масҷиди Ҳазрати Мавлоно мебошанд.

Дар ноҳияи Данғара инфрасохтори сайёҳӣ марҳила ба марҳила рушд намуда, айни замон дар ҳудуди ноҳия 3 меҳмонхона, 2 осорхона, 3 мавзеи фарҳангӣ-фароғатӣ, 2 нуқтаи хизматрасонии сарироҳӣ ва 1 адад ташнобхонаи ба роҳи автомибилгард наздик фаъолият намуда, ба меҳмонони дохилию хориҷӣ хизмат расонида мешавад.

Май 22, 2019 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
САЙЁҲИИ КӮҲНАВАРДӢ. Тоҷикистон яке аз маконҳои ҷолиб дар ҷаҳон барои кӯҳнавардӣ аст
Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст