Дар Осорхонаи ба номи «Дӯстии халқҳо»-и Норак ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд
НОРАК, 14.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар толори Осорхонаи ба номи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Норак бо иштироки меҳмонон, намояндагони мақомоти иҷроия, ҳунармандон, кормандони Осорхона маҳфили илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Норак Ҳабиба Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар маҳфили мазкур аз ҷониби дӯзандагону косибон намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзаниву гулдӯзӣ, бофандагию қуроқдӯзӣ, чӯбтарошиву мӯзадӯзӣ ба намоиш гузошта шуда, кормандони Осорхона оид ба навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ба меҳмонон маълумот доданд. Инчунин вобаста ба ташаббусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду равнақи соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ва саҳми ҳунармандон дар тарғиби анъанаҳои миллию мардумӣ ибрози назар карда шуд.
Дар маҳфил ба ҳунари навозандагию ромишгарии тарбиятгирандагони мактаби бачагонаи санъат ва ҳунармандони беҳтарини шаҳр баҳои арзанда дода шуда, онҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.








ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид






