Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» намоиш ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 03.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» намоиш ифтитоҳ гардид.
Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон»-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев хабар дод, дар намоиш собиқадорони ҷангу меҳнат, сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, хонандагони мактабҳои миёнаи шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар қисмати ифтитоҳи расмии намоиш директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода собиқадорони ҷангу меҳнатро дар робита ба ин ид табрик намуда, зикр кард, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собиқадоронро зери ғамхории бевоситаи хеш қарор додаанд.
Ҳамчунин собиқадорони Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ андешаҳои худро бахшида ба Рӯзи Ғалаба иброз ва аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати шаҳри Душанбе қаноатмандӣ намуданд.
Дар намоиши махсуси ҷашнӣ аз фонди Осорхона ҳуҷҷатҳо, расмҳо ва дигар маводи таърихии марбут ба Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба маъраз гузошта шудаанд.
Бояд зикр намуд, ки дар ҷараёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 300 ҳазор нафар фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадид иштирок намуда, 92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш ҷон супурдаанд, 58 ҳазор нафар бо нишону орденҳои давлатӣ ва 54 нафар ба гирифтани унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ мушарраф гардидаанд.
Шуҷоату диловарии мардуми баору номуси Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Бахшида ба ин ҳодисаи таърихӣ дар экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамчунин гӯшаи алоҳидаи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба таври доимӣ фаъолият менамояд.
Бояд зикр намуд, ки намоиши «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» то 20 майи соли 2019 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон идома меёбад.








ХУТАЛИ ҚАДИМ — ПОЙГОҲИ ЗУҲУРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Соли 2026 дар Тоҷикистон симпозиуми байналмилалӣ доир мешавад
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 41 ҳазор нусха китобҳои камистифодашаванда ва нодир нигоҳдорӣ мешаванд
РАҚАМИКУНОНИИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ. Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ дар таҳрири нав таҳия мегардад
Соли 2026 дар шаҳри Душанбе Театри миллӣ ба истифода дода мешавад
Бахшида ба фаъолияти эҷодии Дона Баҳром ҳамоиши илмӣ –фарҳангӣ баргузор гардид
Дар вилояти Хатлон солҳои 2026-2030 «Солҳои фарҳанги китобхонӣ» эълон гардид
Соли 2025 зиёда аз 100 ҳазор сайёҳони хориҷӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо намуданд
ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Давлатбӣ Давлатова дар эҳёи порадӯзии миллӣ саҳми назаррас мегузорад
Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ оид ба тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд»






