Дар Шаҳринав байни варзишгарони имконияташон маҳдуд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини дзюдо доир мегардад
ДУШАНБЕ, 28.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. 1 ва 2 июни соли равон дар ноҳияи Шаҳринав мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини дзюдо байни варзишгарони имконияташон маҳдуд доир мегардад.
Мусобиқаи мазкур бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ роҳандозӣ шуда, дар он беш аз 70 нафар варзишгарон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок менамоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, мақсад аз баргузор намудани мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини дзюдо байни варзишгарони имконияташон маҳдуд ин дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд, ба ҳам овардани варзишгарон ва ҷалби онҳо ба ин намуди варзиш мебошад.
Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибон бо диплом ва медал сарфароз гардонида мешаванд.








МИЛЛАТИ ҶИСМАН СОЛИМ РУҲАН НИЗ МУҚТАДИР АСТ! Нақшаи баргузории машқҳои пагоҳирӯзӣ барои соли 2026 тасдиқ гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ байни калонсолон ва наврасон ифтитоҳ гардид
Имрӯз қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол оғоз мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони ноҳияи Варзоб соли 2025 75 медали тилло ба даст оварданд
Дар деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Чемпионати Тоҷикистон оид ба гӯштингирӣ дар соли 2026 доир мегардад
Гулмуроди Саъдулло довари бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2025/26 таъйин шуд
Пагоҳ дар Душанбе Чемпионати Тоҷикистон оид ба самбо оғоз меёбад
Қуръакашии бозиҳои Чемпионати Тоҷикистон-2026 байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол баргузор шуд
Соли 2025 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ 510 медал ба даст оварданд
Паралимпичиёни тоҷик бо 22 медал дар Ҷоми ҷаҳон оид ба армрестлинг ва пара-армрестлинг байни 25 давлат дар зинаи дуюм қарор гирифтанд






