ФФТ бо ширкати «Huawei» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид

Май 3, 2019 09:00

ДУШАНБЕ, 03.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Федератсияи футболи Тоҷикистон бо  ширкати «Huawei» шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. Тавре сомонаи расмии ФФТ хабар медиҳад, ин созишномаи ҳамкорӣ то охири соли равон амал мекунад

Шартномаро аз ҷониби ФФТ ноиби президенти федератсия Дилшод Ҷӯраев ва аз ҷониби ширкати «Huawei» Директори  ҶДММ «Ҳуавей технологияи Тоҷикистон» Суй Фен ба имзо расониданд.

Дар ин маросим Дилшод Ҷӯраев бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки ҳамкории ширкати «Huawei» бо ФФТ солҳои зиёд идома дорад  ва он минбаъд ҳам тақвият хоҳад ёфт.  «Ба ширкати «Huawei»  изҳори сипос мекунем ва ин кумаки онҳо баҳри ривоҷу равнақи футболи кӯдакону  наврасон равона мегардад»-гуфт ӯ.

Ёдрас мешавем, ки ФФТ соли равон бо як зумра ширкатҳои пешрафта-«Coca-Cola», Tcell , «Мегафон-Тоҷикистон», «Сомон Эйр» ва чанде дигар шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки баҳри ривоҷу равнақи футболи тоҷик кумак хоҳанд кард

Май 3, 2019 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид