«Гитлер ва Ислом. Паси пардаи ҷаҳонхоҳӣ», «Рамазон ва нархҳо»,-шарҳи матбуоти даврӣ
ДУШАНБЕ, 10.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи гузашта матбуоти даврии Тоҷикистон кадом мавзӯъҳоро пайгирӣ намуд? Рӯзноманигорон доир ба ҳодисоти дохил ва рӯйдодҳои берун аз мамлакат чӣ андеша доранд? Дар ин мавзӯъ шарҳи АМИТ «Ховар» пешниҳоди хонандагони сомона мегардад.
Дар Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият», шумораи рӯзи 7 майи соли равон (№87 (23690)) таҳти сарлавҳаи «Раванди ҷаҳонишавӣ ва сиёсати фарҳангӣ» мулоҳизаҳои корманди Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизмурод Шарифов ба нашр расидааст.
Муаллиф зимни ибрози андеша сабабҳои костагии ахлоқ, паст будани сатҳи донишандӯзӣ ва фарҳангии бархе аз наврасону ҷавонони имрӯзаро шарҳ дода, аз ҷумла чунин нигоштааст: «Миллати тоҷик аз қадимулайём ҳамчун халқи фарҳангдӯст шуҳрат пайдо карда, бояд имрӯз ин мероси гаронбаҳои халқамон ҳифз шавад. Ошкоро бояд гуфт, ки дар шароити кунунии қадам ниҳодан ба раванди ҷаҳонишавӣ, костагиҳое дар анъанаҳои фарҳангсолории мо ба мушоҳида мерасанд. Одоби муошират, бахусус дар байни ҷавонон, ахлоқу одоб, эҳтироми калонсолон рӯ ба таназзул оварда, ноҷӯриҳое дар забони гуфтугӯӣ ҷой доранд. Сабаб он аст, ки хунукназарӣ нисбат ба арзишҳои миллӣ дар бархе аз хонаводаҳои тоҷик амиқ реша давонда, муттасил ҷомеаро фаро мегирад. Чунончи, волидон аз нуқтаи назари «ҷаҳонишавӣ» кӯшиш менамоянд, ки ба фарзандҳояшон забонҳои русиву англисиро омӯзонда, ё онҳоро барои таҳсил ба мактабҳои ҳамин забонҳо дода, аз тақдири «тоҷикзода» буданашон фаромӯш мекунанд. Дар натиҷа, ин гуна фарзандон на танҳо забони модариашон, балки тарзи либоспӯшӣ, одобу рафтор ва дигар суннатҳои миллиро аз ёд мебаранд. Сабаби дигар ин аст, ки дар шароити кунунӣ ҷаҳду талошҳо барои сарватғундорӣ, ҳирси дороию худнамоиҳо, «мусобиқа» дар бунёди хонаҳои боҳашамат, қасру кӯшкҳо боло рафтааст. Ба назар чунин мерасад, ки сиёсати иқтисодӣ торафт мавқеи сиёсати фарҳангӣ ва шабакаҳои интернетӣ ҷойи китобу китобхониро танг карда, боиси дур гаштани мардум аз маънавиёт мегардад».
Дар ин шумораи рӯзномаи «Ҷумҳурият» таҳти сарлавҳаи «Илмҳои дақиқ. Чаро таваҷҷуҳ камтар аст?» мақолаи таҳлилии мухбири ин рӯзнома Меҳрангез Қодирова ба нашр расидааст. Муаллиф зимни баррасии мавзӯи мазкур, аз ҷумла, нигоштааст: «Омӯзиши мавзӯъ нишон медиҳад, ки ҳамоно дар кишвар ба ин бахши муҳими илм таваҷҷуҳи кам зоҳир мегардад. Барои мисол, ҳамасола шумораи довталабони гурӯҳи ихтисосҳои табииву техникии Маркази тестӣ пур намешавад. Тибқи иттилои ММТ, агар соли гузашта нақшаи қабули довталабон аз рӯи гурӯҳи ихтисосҳои тиб, биология ва варзиш 211,7 ва гуманитарӣ 201, 8 дарсад иҷро шуда бошад, ихтисосҳои табиию техникӣ 91, 6 фоизро ташкил дод. Имсол низ то охири моҳи март нақшаи қабул аз рӯи гурӯҳи ихтисосҳои табиию техникӣ 33 дарсад иҷро шуд, ки нисбат ба дигар гурӯҳи ихтисосҳо хеле кам аст. Аз ин маълум мешавад, ки майли хатмкардаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба ихтисосҳои табиию техникӣ на он қадар зиёд аст».
Рӯзноманигор бо такя ба иттилои коршиносон сабабу омилҳои ин масъаларо шарҳ додааст. Аз ҷумла, яке аз мусоҳибони ӯ мушовири ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ Анвар Абдурасулов дар шарҳи ин мавзӯъ чунин мегӯяд: «Ҳоло мактабҳои соҳавӣ аз рӯи равияҳои физикаю математика фаъолият карда, кӯдакони воқеан ҳам болаёқатро тарбия менамоянд, вале барои таҳсил дар чунин муассисаҳо на ҳама имконият доранд. Хуб мебуд, ки агар таҳсилот барои ҳама ягонаву дастрас мешуд».
Дар ин шумораи рӯзнома ҳамчунин аз дигар воқеаву рӯйдодҳои навин дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хабару гузоришҳои ҷолиб ба нашр расидаанд.
Нашрияи парлумонии мамлакат «Садои мардум» (№51, 07.05.2019) таҳти сарлавҳаи «Рамазон айёми озмоиши ирода, сабру таҳаммул ба ҳисоб меравад» табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазонро ба нашр расонидааст.
Дар ин матолиб Пешвои миллат аз он изҳори нигаронӣ намудаанд, ки баъзе тоҷирон дар арафаи моҳи Рамазон ва идҳо нархи маҳсулоти озуқаро ба хотири даромади муфт беасос баланд бардошта, бо чунин кирдори худ, аз як тараф, боиси озурдахотирии ҳамватанони мусулмони хеш мегарданд ва аз тарафи дигар, худашон ва аҳли хонаводаашонро аз савоби ин моҳи шариф маҳрум месозанд.
Дар ин робита, Сарвари давлат ин ашхосро ба риояи фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон, ки он аз хайру саховат, бахшишу парҳезкорӣ иборат аст, даъват менамояд.
Дар ин шумораи рӯзномаи «Садои мардум» таҳти сарлавҳаҳои «Хироҷ моҳиятан маблағи хизматрасонист, на чизи дигар», «Парламенти ҷавонон ҳамчун мактаби омодасозии кадрӣ муҳим аст», «Алҳол беш аз 20 қонун дар хизмати ВАО қарор дорад», «Худнамоӣ фарзанди ҷаҳл аст», «Диққи нафас ва роҳҳои табобати он», «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд» ва «Фардои ҷомеа ба тарбияи насли наврас вобаста мебошад» маводи таҳлилии рӯзноманигорон ва коршиносон ба нашр расидаанд, ки дар онҳо як зумра масъалаҳои муҳими ҷомеа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.
Дар саҳифаи 1 ва 2 нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тағйироти кадрӣ, матни табрикоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати моҳи шарифи Рамазон, гузориш аз маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақолаи таҳлилии муовини аввали раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саидмурод Фаттоҳзода «Ҳизби ормонҳои миллӣ» ба нашр расидаанд.
«Қудрати суханварӣ, маъниофаринӣ, ифодаи бурро ва шевои Пешвои миллати тоҷикон ниёз ба таҳлил, тадқиқ, омӯзиш, арзёбии дақиқ ва пайравиро дорад. Ҳангоме ки Сарвари давлат дар боби муҳимтарин масъалаҳои давлатдорӣ, ватанпарварӣ, истиқлолият, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ ҳарф мезанад, аз перояи нангу номус ва ҷавонмардӣ баҳс меорояд, аз маъниҳои барҷаста, калима ва таркибҳои суфтаву ҳамвор, дилчаспу форам ва муассиру ҷозибадор устодона истифода мекунад. Пешвои миллат ба тани сухан ҷон ва ба дили пурармони мардуми азиятдида ва меҳнатқарини кишвараш дармон мебахшад», — навиштааст муаллифи мақолаи «Хирадсолорӣ ва оини давлатдорӣ», доктори илмҳои сиёсӣ С.Ятимов.
Мақола дар ҳошияи китоби «Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон» навишта шуда, масъалаҳои истиқлолияти давлатӣ, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ, таълиму тарбия ва одобу ахлоқро дар бар гирифтааст.
Нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон «Минбари халқ» дар баробари хабару гузоришҳо аз ҳаёти ҳизбӣ инчунин мақолаҳои зеринро чоп намудааст: «Неруи муттаҳидсозандаи миллат», «Хеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш намешавад», «Баҳси ҳунари гулдӯзӣ дар мисоли Чакан», «Рамазон ва нархҳо», «Баргардонидани кӯдакон аз минтақаҳои ҷангзада иқдоми нек, вале заҳматталаб аст», «Сарзамини файзбору ганҷрез», «Устоди фаромӯшшуда», «Истиқлолият ва андешаҳои миллӣ», «ЛЕНД-ЛИЗ: кумаке, ки ғалабаро таъмин кард», «Гитлер ва Ислом. Паси пардаи ҷаҳонхоҳӣ», «Памиретс» ҳам тоҷик аст», «Сухан –мизони ақли инсон», «Садоқат ба ҳизб омили пешравист» ва «Ғизои солим».
Дар мақолаи «Рамазон ва нархҳо» рӯзноманигор Ҳуринисо Ализода доир ба мавзӯи мавриди назар андешаҳои мардумро, ки дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ баён гардидаанд, пешниҳоди хонандагони рӯзнома гардонидааст. Муаллиф ҳамзамон дар мавриди ҳалли ин масъала нуктаи назари худро изҳор доштааст. Номбурда, аз ҷумла, чунин пешниҳод намудааст: «Оё намешавад, ки барои моҳи Рамазон ё иди Қурбон гӯшти мурғу говро аз Қазоқистон, Украина, Россия ва ё дигар давлатҳо ҳам зинда ва ҳам забҳ кардаашро ворид созем? Манзур дар ҳамин моҳе, ки талабот ба ин ғизо зиёд аст».
Нашрияи «Мароми пойтахт»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар шумораи навбатии худ (№18 (559), 8.05.2019) табрикоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати моҳи шарифи Рамазон ба нашр расонидааст.
Зери рубрикаи “Ҳаёти ҳизб” гузориши муфассал аз ҷараёни Конфронси илмӣ — назариявӣ таҳти унвони “Ҳунар ва ҳунарварӣ дар мисоли чакан”, ки бо ибтикори КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе доир гашта буд, пешниҳод шудааст. Дар арафаи Иди ғалаба роҳбарияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба аёдати собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ рафтаанд, ки хабари он дар саҳифаи нашрия дарҷ гаштааст.
Ҳамчунин саҳифаи чори рӯзнома бо сарлавҳаи “Як камарбанд, як роҳ” – масири нави ҳамкориҳо”оғоз мешавад, ки мавзӯи он ҳамкории Тоҷикистон бо кишварҳои аъзо, инчунин ҳадафу мақсад ва дурнамои онро дар бар мегирад.
Ҳамин тариқ, хонандагон метавонанд дар саҳифаҳои дигари нашрия мақолаҳоро бо номҳои “Хизмати содиқона ба Ватан қарзи мардонагист”, “Дастгирии барҷомондагон дар ҷои аввал” ва “Шоҳкории мусиқии суннатӣ” мутолиа намоянд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»