ХАТАРИ ТЕРРОРИЗМ БА АМНИЯТИ ҶАҲОН ВА Ё ОҚИБАТҲОИ СИЁСИШАВИИ АДЁН. Мулоҳизаҳои директори Маркази исломшиносӣ дар мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар»
ДУШАНБЕ, 13.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Баровардасозии манфиат ба василаи терроризм ва экстремизми динӣ барои қудратмандони давр ва тоҷирони маводи нашъаовар, роҳбарони ширкатҳои бонуфузи истеҳсоли силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ, савдогарони нафти хому дигар захираҳои табиӣ ба стратегияи омўхташудаву собитгардида табдил ёфтааст. Терроризм ва экстремизми динӣ ҳанӯз дар солҳои аввали қарни ХХI дар ҷаҳони Ислом санҷида шуд ва тайи солҳои 2000-ум ин ҳолат ба вабои аср мубаддал гардид. Аммо вазъи имрӯзаи геополитикии ҷаҳон исбот намуд, ки ташкили терроризму экстремизм дар доираи дигар динҳои ҷаҳонӣ, бахусус дини масеҳӣ низ дар ҳоли санҷиш қарор дорад ва аввалин кўшишҳои омезиш додани дини масеҳӣ ба сиёсат баҳри манфиатхоҳон ва тартиб додани стратегияи махсус натиҷаи дилхоҳ ба бор меоварад. Бо ин ҳол аз воқеият дур нест, ки дар солҳои начандон тулонӣ дар заминаи дигар динҳо низ гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ташкил нагардад.
Интиқол ёфтани як шохаи парокандаи гурӯҳи террористии ба ном «Давлати Исломӣ» ба кишвари ҳаммарзи мо Афғонистон, як қатор коршиносон ва сиёсатмадорони ин минтақаро ба ташвиш овардааст. Муҳаққиқон бар он назаранд, ки таҳвил ёфтани ҷангиёни гурӯҳи номуваффақи “Давлати Исломӣ” ба кишвари Афғонистон маҳз ҷиҳати ноором кардани минтақаи Осиёи Марказӣ роҳандозӣ шудааст. Аммо бархе аз коршиносони дигар ин ҳама гуфтаҳоро иддао ва амали иғвобарангезона мешуморанд. Вобаста ба ин масъала хабарнигори АМИТ «Ховар» Суғдмеҳри МАЪРУФЗОД бо директори маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло БАРОТЗОДА ҳамсуҳбат шуд.
— Ба назари Шумо Созмони террористӣ — экстремистии «Давлати Исломӣ» чӣ гуна тавонист вориди Ҷумҳурии Афғонистон шавад ва ҳузури онҳо дар ин мамлакат то куҷо ба амнияти минтақа таҳдидовар аст?
— Ҳарчанд дар охири соли 2017 инфрасохтори асосии Созмони террористӣ — экстремистии “Давлати Исломӣ” дар қаламрави кишварҳои Ироқ ва Сурия барҳам хўрд, вале таҷриба ва гузашти соли 2018 нишон дод, ки ҳанўз ҳам неруҳои парокандаи ин Созмони террористӣ ҳам дар қаламрави ин кишварҳо ва таъсиргузории онҳо, инчунин дар кишварҳои Ховари Миёна ва мамлакатҳои арабии шимоли Африқо, интиқол ёфтани пайравони он аз Ироқ ба Эрон ва аз ин кишвар ба Афғонистон як хатари ҷиддие барои амнияти ҷаҳон ва минтақа ба миён овардааст. Таъсири номубораки неруҳои боқимондаи гурўҳи террористии ба ном “Давлати Исломӣ” ва ҳамкории онҳо бо созмонҳои ҷиҳодӣ дар қаламрави Афғонистон ба мисли ҳаракати “Толибон” ва дигар гурўҳҳои хусусияти мазҳабиву ифротгароидошта, воқеан ҳам дар сиёсати дохилии ин мамлакат ва ҳам ба амнияти бисёр кишварҳои ҳаммарз бо Афғонистон таҳдидҳо ба миён овардааст. Вақте созмони террористӣ — экстремистии “Давлати Исломӣ” дар қаламрави Ироқ ва Сурия ба шикаст рў ба рў шуд, табиист, ки ҷангиёни он аз пайи ҳифозати ҷони худ шуданд. Ба сафи гурўҳи террористии ба ном “Давлати Исломӣ” аз бисёр мамлакатҳои ҷаҳон, ба хусус аз қитъаи Аврупо, Африқо, Осиё гумроҳон гирд омада буданд. Мувофиқи иттилооте, ки мавҷуд буд, қисми бештари он нафароне, ки шомили ин гурўҳои ҷиноӣ мешуданд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи худро нобуд месохтанд. Аз ин ҷиҳат, баробари саркўб шудан онҳо ба гурўҳҳои алоҳида пароканда шуданд. Имрўз мо мебинем, ки дар минтақаи марзии Туркия бо Ироқу Сурия ин гурўҳҳо амал мекунанад. Як теъдоди дигар тариқи баҳри Миёназамин вориди кишварҳои Аврупо шудаанд, теъдоди дигарашон тариқи канали “Суэтс”, ки баҳри Сурхро бо баҳри Миёназамин мепайвандад, ба Ҷумҳурии Мисри Араб ва Либия ворид гардиданд. Инчунин қисми дигар барои идома додани фаъолиятҳои ҷангӣ вориди кишвари Яман шуданд. Аммо як теъдоди муайяне, ки шаҳрвандони Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ буданд, онҳо ҷони худро ҳифозат намуда, Ҷумҳурии Афғонистонро баҳри худ макон ихтиёр карданд.
— Бо ин ҳама таҳдидҳо, ба андешаи Шумо, имрўз мақомоти қудратӣ ва марзбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавони ҳифозати марзро доранд?
— Албатта, имрўз Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳифзи амнияти худ қудрат ва тавоноӣ дорад, вале масъала на танҳо мушкили Тоҷикистон аст, балки вазъи ноамни Афғонистон ва ҳузури гурўҳи парокандаи ба ном “Давлатӣ Исломӣ” ба тамоми минтақа таҳдид менамояд. Ба ин хотир, бояд дар умум мамлакатҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон тамоми тадбирҳои амалиро рўи даст бигиранд, то ҳамин гурўҳҳое, ки дар ҳолати парокандашавӣ қарор доранд, нобуд гарданд ва ба онҳо имкони ба ҳам муттаҳид шудан дастёб нагарда
— Муҳаққиқон бар он назаранд, ки имрўз дар ҷаҳон суистифода намудан аз арзишҳои адёни ҷаҳонӣ ва омезиш додани онҳо ба сиёсат дар ҳоли санҷиш қарор дорад ва дур нест, ки ба зудӣ дар доираи динҳои дигар низ нооромиҳо ба миён ояд. Назари Шумо дар ин мавзўъ чӣ гуна аст?
— Акнун дар сиёсати ҷаҳонӣ марҳилаи суистифода аз арзишҳо ва муқаддасоти динҳои дигари ҷаҳонӣ низ оғоз гардидааст. Чунин ҳолатҳо имрўз ба ҳама бошандагони ҷаҳон аён мебошад. Мисоли он ҳаводиси охир дар Амрикои Лотинӣ, хусусан буҳронӣ шудани вазъият дар кишвари Венесуэла мебошад. Вазъ нишон медиҳад, ки ангезаи асосии мухолифини ҳукумати конститутсионии имрўза низ дар заминаи гўё паймол кардани арзишҳои пайравони равияи католикӣ аз ҷониби ҳукумати ҳангоматалаби ин кишвар “пешниҳод” гардид. Баҳонаҷўӣ дар атрофи масъалаи диниву эътиқодӣ имрўз кишвари Венесуэларо ба ду қисмати муқобил ҷудо кард. Дар масъалаи шинохти терроризм ва экстремизми динӣ ва дар самти мубориза алайҳи он бархўрди дуҷониба мавҷуд аст. Неруҳои манфиатдор акнун дарк намудаанд, ки бо таҳрик додани муқаддасоти эътиқодӣ ва динии мардум ба даст овардани мақсадҳо ё ба истилоҳ, “обро лой намудану моҳӣ доштан” осон гардидааст. Бо ҳамин мақсад дар ҷаҳон нахуст солҳои 2011 ин иқдомро дар муносибат ба кишварҳои ҷаҳони Ислом оғоз намуданд. Ҳамагон шоҳиданд, ки дар соли 2011 ин нооромиҳо нахуст дар кишвари Тунис оғоз гардиданд ва ин зуҳурот бо номи “Баҳори арабӣ” кишварҳои зиёди мусалмониро сироят намуда, боиси нооромиҳо дар олами ислом гардид.
— Дар охир мехостем хитоби Шуморо ба пайравони дини Ислом, ки маҳз бо дасти худ Исломи нобро доғдор намудаву миёни сокинони сайёра ҳамчун дини террористӣ вонамуд кардаанд, бифаҳмем?
— Шумо тасаввур кунед, ки барои ба даст овардани обрӯву эътибор як шахс, як гурўҳ, як созмон, як ҷомеа, як давлат бояд чи қадар меҳнат кунад. Вақте ки дар сатҳи фазои иттилоотии ҷаҳонӣ низ ба ин ё он масъала саҳлангорӣ мешаваду кор аз кор мегузарад, ба воқеияту шинохти аслии ҳол баргардонидани он кори саҳлу сода нест. Ба ин хотир бояд кишварҳои исломӣ барои барқарор намудани арзишҳо ва муқаддасоти воқеан милливу ватандўстиву инсонпарварона доштани ислом чандин даҳсолаҳо кўшиш намоянд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ худ шоҳид аст, ки ба сиёсат омезиш додани дин, эътиқоду боварии мардум ва ташкили терроризму экстремизми динӣ чӣ гуна балоҳоро миёни башарият ба бор овард. Аммо манфиатхоҳон то ба ҳол нафси ваҳшиёнаи худро тариқи қатлу куштор қонеъ насохтаанд. Бо роҳандозӣ гардидани стратегияи баровардасозии манфиат аз эътиқоди пайравони динҳои дигар амали нангиновар боқӣ мемонад. Гумон меравад, терроризму экстремизми динӣ дигар идоранашаванда хоҳад буд. Хитоб он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ сари ин масъала бояд биандешанд, вагарна дер хоҳад шуд.