Кӯдакону наврасони гирифтори бемории сил ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд

Май 12, 2019 10:42

ШАҲРИНАВ, 12.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии Осоишгоҳи ҷумҳуриявии кӯдаконаи «Қаратоғ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муассисаҳое  ба шумор меравад, ки ҳам соҳаи таълиму тарбия ва ҳам соҳаи  тандурустиро ба уҳда дорад. Қобили тазаккур аст, ки Осоишгоҳ барои кӯдакони  аз 7 то 14-солаи гирифтори бемории сил  ва бемориҳои бо он алоқамандон  пешбинӣ гардидааст.

Тавре маълум аст, ҳамасола ҳодисаҳои нави бемории сил миёни шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба қайд гирифта мешаванд. Тамоми кӯдакони ниёзманд аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи роҳхати табибони силшинос аз марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил барои табобати санаторӣ ба осоишгоҳи «Қаратоғ» равона мегарданд. Мудири қисми илмии Осоишгоҳи ҷумҳуриявии кӯдаконаи «Қаратоғ» Гулрафтор Муродова мегӯяд, ки  айни замон дар ин муассиса 141 нафар наврасони гирифтори бемории сил ба табобат  ва таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Қобили тазаккур аст, ки осоишгоҳ то соли 1961 ҳамчун мактаби саҳроӣ фаъолият намуда, аз соли 1961 то инҷониб барои пешгирии паҳншавии бемории сил миёни кӯдакон хизмати тиббӣ мерасонад. Ба осоишгоҳ, пеш аз ҳама, кӯдаконе қабул карда мешаванд, ки волидайн ва дигар аъзои оилаи онҳо ба бемории сил гирифторанд ва ин кӯдакон бо онҳо дар тамосанд,  яъне бо бемории сил алоқаманд мебошанд. Ҳамчунин  кӯдаконе, ки бо ташхиси заҳролудшавии бемории сил дар беморхонаҳои зиддисилӣ табобат мегиранд,   кӯдакони аз 7 то 14- солае, ки бо бемории сили ғадудҳои даруни қафаси сина дар марказҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил табобат мегиранд  ва кӯдаконе, ки реаксияи гиперергиашон баъди санҷиши туберкулинӣ аз 10 мм боло аст, инчунин гирифторони зуд-зуд шамолхӯрии роҳи нафас, дарди гулӯ, бронхити музмим барои солимгардонии санаторӣ-профилактикӣ ба осоишгоҳи мазкур  фиристода мешаванд.

Тибқи иттилои директори Муассисаи давлатии Осоишгоҳи ҷумҳуриявии кӯдаконаи «Қаратоғ» Фирӯз Давлатов,  барои таълиму  тарбия ва  табобати  кӯдакон  ва осиштагии онҳо зиёда аз 105 нафар кормандони муассиса хизмат мерасонанд. Дар осоишгоҳ наврасон бо се вақт хӯроки гарм ва табобати ройгон таъмин мебошанд.

Таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аз мавзӯъҳои муҳими ҷомеаи имрӯза  ба шумор меравад. Ҳадафи ниҳоии сиёсати маорифпарваронаи давлат, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, беҳтар намудани дараҷаи донишандӯзии хонандагон ва дар фаъолияти педагогӣ истифода бурда тавонистани малакаҳои ҳосилшуда мебошад.

Аз ин рӯ дар тамоми соҳаҳо дониш, ақл, идрок масъалаи асосӣ ба шумор меравад. Дар муассиса Осоишгоҳи ҷумҳуриявии кӯдаконаи «Қаратоғ» низ қисми таълимӣ хуб фаъолият намуда, ба муваффақиятҳои сазовор ноил гардидааст. Соли равон хонандагон дар  як зумра чорабиниҳо ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дар озмунҳои «Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам» ва «Фанни дӯстдоштаи ман» ширкат варзида, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Инчунин хонандаи синфи 8  Муҳаммадсодиқ Юсупов дар озмунҳои номбурда дар давраи минтақавӣ иштирок намуда, сазовори ҷойи ифтихорӣ миёни 13 ноҳияи ҷумҳурӣ гардид. Хонандагон новобаста аз он ки вазъи саломатии на он қадар хуб доранд, пайваста пайи омӯхтани илму дониш мебошанд.

Чунончи, Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ эълон доштанд, «ҷавонони имрӯзаи мо, яъне насли замони истиқлол аз наслҳои пешина бо савияи илму дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ, сатҳи тафаккур ва одобу ахлоқ фарқи куллӣ доранд, ки ин ҳама боиси ифтихори мо мебошад».

Мусаллаҳ шудани ҷавонон бо илмҳои дақиқ ва техникиву технологӣ ва донистани забонҳои хориҷӣ, хусусан русӣ, англисӣ имконият медиҳад, ки миллати тоҷик аз арзишҳои милливу фарҳангии худ дар баробари гирдоби ҷаҳонишавӣ ҳимоят намояд. Ҳамзамон ҷомеаи ҷаҳонӣ тоҷиконро ҳамчун миллати таърихан созанда, ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташаббускори бузургтарин иқдомоти байналмилалӣ шиносад.

Май 12, 2019 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба моддаҳои психотропӣ ва таъсири онҳо ҷаласаи корӣ баргузор гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Конгресси байналмилалии Москва оид ба рушди хизмати давлатӣ иштирок намуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 қариб 180 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак ситонида шуд
ОГОҲӢ. То 14 феврал дар бештари минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Қонун «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» се маротиба тағйиру илова ворид карда шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 44 маркази таҳлилӣ ва пажӯҳишии давлатҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
Намоиш — озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ» баргузор мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 45 ҳазор зан роҳбари хоҷагии деҳқонӣ аст
Дар Ёвон оид ба нақши волидайн ва омузгор дар таҳкими фарҳанги тарбия ва худшиносии фарзандон ҳамоиш доир шуд
Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2025 натиҷагирӣ гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои тибби Қазоқистон доир мегарданд
Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ҳамкориро барои табодули таҷриба ва омодасозии кадрҳои давлатӣ тақвият медиҳанд