Китоби нав бо номи «Чун ӯ марде бисёр набувад…» ба нашр расид

Май 24, 2019 11:38

ДУШАНБЕ, 24.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Чун ӯ марде бисёр набувад…» — китоби  нави нависанда  ва рӯзноманигори шинохта Карим Мӯсо аст, ки  дар матбааи «Сухан»-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон   ба табъ расидааст.

Китоби мазкур  аз рӯзгори  абармардони адабиёти  тоҷик  Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Лоиқ Шералӣ, Боқӣ Раҳимзода, Одина Мирак ва боз чанд тани дигар, ки умри худро дар роҳи хидмат ба халқу Ватан  сипар карда, мероси  бегазанде   ба ёдгор гузоштаанд, ҳикоят мекунад.

Нависанда аз  рӯзгори ин бузургон лаҳзаҳои хотирмон ва пандомӯзе овардааст, ки ҷолибу хонданбобанд.  Бахусус, нигоштаҳои муаллиф  пиромуни  зиндагӣ ва  рӯзгори устод Мирзо Турсунзода хеле ҷолиб аст. Нависанда  хотираҳои ширину рангинеро  аз забони дӯстон, наздикон  ва шогирдони ин абармард  рӯи чоп оварда, шахсияти нотакрори устодро, ки бо шеъру достонҳои оламгираш  дили миллионҳо одамони сайёраро тасхир карда буд, ниҳоят самимӣ ба тасвир кашидааст.

Эссеи «Чун ӯ марде бисёр набувад… » бо суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз мешавад, ки соли 2011 ба ифтихори 100 – солагии устод Мирзо Турсунзода баён дошта буданд:

 «Мо, ҳамзамонон ва ворисони устод Мирзо Турсунзода  ифтихор мекунем, ки ин шоири тавоно дар радифи бузургтарин нависандагони асри бист дар роҳи бедорӣ, инкишофи тафаккури таърихӣ, худшиносии миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти халқҳои ҷаҳон фаъолона  ширкат  варзидааст.

Мирзо Турсунзода, ки тафаккури фарогири кураи замин ва дили дардошно дошт, зиндагии мардуми тоҷик ва бартарии ҷомеаи моро бо кишварҳои ҳамсоя моҳирона қиёс мекард. Зимни ин ҳамватанони худро даъват менамуд, ки ба қадри дастовардҳои ҳаёти нав бирасанд, онҳоро ҳифз намуда, афзунтар созанд…

Шеъри Мирзо Турсунзода  шеъри миллат  ва шеър барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ӯ тимсоли  хизмати  содиқонаи  як  фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад.

Устод Мирзо Турсунзода воқеан Қаҳрамони Тоҷикистон  аст. Меҳри ӯ дар ошёни баландтарин-дили халқ маъво гирифтааст ва халқ  хотираи  неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард».

Ёдномаҳои дигари китоб аз зиндагии ширину ибратомӯзи рӯзноманигорону аҳли маориф низ  ҷолибанд.   Ҳар кадоме  хонандаро ба рӯзҳои зебо ва нотакрори  гузашта мебаранд ва рӯзгори  ин бузургонро ба ҷилва меоранд.

Адабиёти бадеӣ ба оинаи қаднамо монанд аст.  Он бояд ҳамаи ҳодиса ва рӯйдодҳои зиндагиро ба таври шоиста инъикос кунад. Хусусан, бозтоби ҳодисаҳои таърихӣ ва зиндагонии адибону олимони маъруфи  миллат як шарти муҳими қадрманд шудани адабиёт аст. Ҷойи хушҳолист, ки адиби ҳақиқатнигору санҷидагуфтор Карим Мӯсо ин рисолати адабиётро хуб дарк карда, дар ин роҳ хома фарсудааст.

Қобили зикр аст, ки нигоштаҳои  Карим Мӯсо дар саҳифаҳои матбуоти ҷумҳурӣ аз соли 1972 ба табъ мерасанд.  Номбурда муаллифи китобҳои «Мардафкан», «Зевар», «Айём-ку бигзашт» ва «Ҷабри таърих» мебошад. Дар қиссаҳои ёддоштӣ ва силсилаочеркҳояш симои аҳли илму адаб ва ҳунару фарҳангро бо меҳру муҳаббати беандоза ва воқеъбинона ба риштаи тасвир кашидааст.

Бархе аз очерку мақолаҳояш дар китобҳои дастаҷамъии  «Чароғи маърифати Нигнот» (с.1999), «Ғазали офтоб»(с.2005), «Гуфтугӯ бо худ» (с.2007), «То ҳаст оламе… » (с.2012), «Орифе аз зодгоҳи орифон»  (с.2013) ва «Андеша дар андеша» (с.2017) чоп шудааст.

Қариб 30 ҳикоя, очерк ва қиссаҳои ёддоштии ӯ дар Хазинаи тиллоии Радиои Тоҷикистон сабт шудаанд.

Май 24, 2019 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Давоми 7 соли баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ чӣ натиҷаҳо ба даст омаданд?
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад
Ба Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» барои соли 2026 Маркази миллии тестӣ низ ҳамроҳ гардид
Барои Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зиёда аз 8 миллион сомонӣ ҷудо карда мешавад
Дар Хатлон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар шаҳри Гулистон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ карда шуданд
Шарҳи амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2026
Ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд
Корманди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷойи якумро соҳиб шуд