Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ аз фаъолияти ин мақомот дар 10 соли охир натиҷагирӣ кард
ДУШАНБЕ, 21.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти молия, андоз, гумрук, сармоягузорӣ ва бонкҳои мамлакат 10 майи соли равон дар ҷаласаи васеи кормандони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ гардид.
Раиси Кумита Фаррух Ҳамрализода гуфт, ки ҳадафи ҷаласаи васеъ арзёбии фаъолияти Кумита дар зарфи даҳ соли охир ва иҷрои супоришҳои Сарвари давлат дар вохӯрии мазкур мебошад.
Бояд зикр кард, ки супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳтарсозии фазои мусоиди сармоягузориву соҳибкорӣ, ҷалби бештари сармояи мустақими хориҷӣ, ислоҳ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, инчунин дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилот барои ба роҳ мондани низоми нави электронии фаъолият, ҷорӣ кардани технологияи муосир, интихобу ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисоси соҳа, таҳияву татбиқи қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ мебошанд. Таъкид гардид, ки масъалаҳои зикргардида барои рушди минбаъдаи иқтисоди миллии ҷумҳурӣ муҳим мебошад.
Ҳамзамон бо мақсади иҷрои супоришҳои дар боло зикргардида, аз ҷониби Кумита Нақшаи чорабиниҳо тартиб дода шуда, дар асоси он барои иҷрои бандҳои марбута масъулини соҳа вазифадор гардиданд.
Дар анҷоми ҷаласа Фаррух Ҳамрализода баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони дастгоҳи марказӣ ва сохторҳои зертобеи Кумита супоришҳои мушаххас доданд.








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






