Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ даври дуюми озмуни «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ»-ро ҷамъбаст кард
ДУШАНБЕ, 08.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври дуюми озмуни беҳтарин забондонро таҳти унвони «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ», ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода миёни донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва коллеҷу литсейҳои ҳудуди шаҳри Душанбе гузаронида мешавад, бо иштироки муҳассилини муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ноҳияи мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ ҷамъбаст намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар медиҳад.
Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамони озмун, аз миёни 21 нафар иштирокдорони даври дуюм донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Розия Ғарибмаҳмадова ҷойи аввал, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Элзира Ҷумаева ва Дурдона Тағаева ҷойи дуюм, донишҷӯи Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон Дилноза Азимова, донишҷӯи Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷид Ҳамидов ва донишҷӯи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В Ломоносов Бунафша Рабиева ҷойи сеюмро сазовор гашта, ба даври минбаъда роҳхат гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бо мақсади дарёфти чеҳраҳои забондон, тарғиби омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳавасманд гардонидани донишҷӯён ба забондонӣ, инчунин дар заминаи дастуру супоришҳое, ки зимни Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардиданд, гузаронида мешавад.
Озмун аз се давр иборат буда, даври аввал аз 1 то 16 апрел аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ миёни довталабон ва даври дуюм аз 20 апрел то 6 май аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи ноҳиявии ҳизб миёни ғолибони даври аввал гузаронида шуд. Даври сеюми он аз 7 то 17 майи соли 2019 аз ҷониби Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб миёни ғолибони даври дуюм гузаронида мешавад.
Тибқи Низомномаи озмун, ғолиби ҷойи якум – як нафар, ҷойи дуюм — ду нафар ва ҷойи сеюм — се нафар муайян карда мешаванд. Ба ғолибони ҷойи якум 250 сомонӣ, ҷойи дуюм 200 сомонӣ ва ҷойи сеюм 150 сомонӣ бо идрорпулии (стипендияи) Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе то 6 моҳ (шурӯъ аз моҳи сентябри соли 2019) дода мешавад. Инчунин ғолибони озмун дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо Ифтихорномаю Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб сарфароз гардонида мешаванд.








«Куллиёт»-и осори Мирзо Турсунзода рӯнамоӣ гардид
Ба шаҳри Панҷакент Шаҳодатномаи Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ дода шуд
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!» Дар пойтахт озмуни шаҳрӣ идома дорад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Ин таоми миллӣ хусусияти табобатӣ низ дорад
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
«ДАР ҲУНАР КӮШ, КИ ЗАР ЧИЗЕ НЕСТ…». Фаъолияти Аспармо Мавлоназарова барои рушди ҳунарҳои миллӣ намунаи ибрати ҷавонон аст
Дар Душанбе дар мавзуи Куруши Кабир ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳамоиш доир гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
ҲИФЗИ МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тавассути сиёсати хирадмандона имрӯз ҷаҳониён бо таъриху фарҳанги миллати мо шинос мешаванд
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо «Россотрудничество» ҳамкориро густариш медиҳад
Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология озмоишгоҳи муштараки муҳити экологӣ ба истифода дода шуд
Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор мешавад






