Маҷаллаи «Шарҳи вазъи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018» аз чоп баромад
ДУШАНБЕ, 24.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Маҷаллаи таҳлилии «Шарҳи вазъи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018» аз чоп баромад.
Тавре аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маҷаллаи мазкур доир ба ҳолатҳои фавқулодае, ки соли 2018 дар қаламрави Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, маълумот дода шуда, ҳодисоти мазкур шарҳу тавзеҳ ёфтаанд.
Ҳамзамон хонандагон аз маҷаллаи мазкур доир ба татбиқи чорабиниҳо оид ба ҳимояи аҳолӣ, ҳудуди мамлакат аз ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ ва техногенӣ, ки Кумита тарҳрезӣ кардааст, маълумот пайдо карда метавонанд.
Бояд гуфт, ки маҷалла фарогири ахбор дар бораи пешгирӣ, дурнамо ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда, чорабиниҳои алоқаманд бо иншоотҳои радиатсионӣ ва кимиёвӣ, ҷамъбасти фаъолияти хизматии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ оид ба ҷустуҷӯ ва дигар мавзӯъҳои вобаста ба соҳа мебошад.
«Маҷаллаи мазкур ба вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, сафоратҳои мамлакатҳои хориҷии муқими Тоҷикистон дастрас карда мешавад»,- афзуд манбаъ.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






