МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ: беш аз 75 ҳазор довталаб Донишгоҳи давлатии Хуҷандро интихоб намудаанд

Май 14, 2019 08:12

ДУШАНБЕ, 14.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти омории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷараёни интихоби муассисаҳои таълимии олии мамлакат, аз ҷониби довталабон дар раванди бақайдгирии довтлабон ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои соли таҳсили 2019-2020 ба Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 75 331 ҳуҷҷат супорида шудааст.

Тавре аз Донишгоҳи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин нишондиҳанда аз 1 март то 30 апрели соли 2019 (дар асоси коркарди аввал) пешниҳод гардида, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баъд аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мақоми дуюм касб намудааст.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин раванд Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар байни муассисаҳои олии вилояти Суғд мавқеи аввалро гирифтааст.

Довталабон дар кластери якум ба ихтисосҳои информатика, математика, дар кластери дуюм ба ихтисосҳои кори бонкӣ, география, дар кластери сеюм ба ихтисосҳои таҳсилоти ибтидоӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забони хориҷӣ, забон ва адабиёти рус, дар кластери чорум ба ихтисосҳои таърих, таърих ва ҳуқуқ ва дар кластери панҷум ба ихтисосҳои биология, химия, биология ва химия, кори тиббӣ-биологӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудаанд.

Май 14, 2019 08:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд