Муовини вазири корҳои хориҷии Ироқ Ҳозим Ал-Юсуфӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд

Май 15, 2019 16:10

ДУШАНБЕ, 15.05.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла интиқоли маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ», ки  16-17 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ Ҳозим ал-Юсуфӣ баҳри шиносоӣ бо таъриху тамаддуни халқи тоҷик аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд.

Тавре ба мухбири  АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи илмӣ-методии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов хабар дод, кормандони Осорхонаи миллӣ бо меҳмонон бо забони арабӣ дар сатҳи баланди касбӣ сайри осорхонавӣ гузарониданд.

Бино ба иттилои манбаъ, сайри осорхонавии меҳмонон аз харитаи «Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон» оғоз гардида, бо тамошои дигар шуъбаҳо ва толорҳои намоишии Осорхона, аз қабили «Ҳахоманишиҳо», «Сосониён», «Панҷакенти қадим», «Бунҷикат», гўшаи «Фарҳанги исломӣ», «Дайри Буддоии Аҷинатеппа», «Сомониён», «Сиккаҳо», инчунин толорҳои намоишии шуъбаи таърихи нав ва навтарин ва «Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба анҷом расид.

Мавриди зикр аст, ки диққати меҳмононро бештар китобу дастхатҳои нодир ва ёдгориҳои таърихии замони Сомониён, махсусан ҳунари кандакории рӯи чӯб ва машҳуртарин ёдгории таърихии халқи тоҷик- «Меҳроби Искодар», «Мақбараи Сомониён», «Мақбара ва мадрасаи Хоҷа Машҳад» ва ғайра ба худ ҷалб намуданд.

Пас аз тамошои осорхона Ҳозим ал-Юсуфӣ оид аз таъриху фарҳанги халқи тоҷик таассуроти амиқ бардошта, сипас ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон хотироташро  навишт.

Май 15, 2019 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд