Ҷоми КФО-2019: дастаҳои «Истиқлол» ва «Хуҷанд» барои ба даст овардани се имтиёз ба сафар баромаданд
ДУШАНБЕ, 13.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони Тоҷикистон- дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ҷиҳати анҷом додани бозӣ бар муқобили дастаи «Дордой» дар доираи бозиҳои марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон сафар кард. Рақобати дастаҳо 15 май дар варзишгоҳи ба номи «Долен Омурзоқов», соати 19:00 ба вақти Душанбе баргузор мегардад. Тафсилоти бештари мавзӯъ аз шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.
Ҳамзамон иштирокчии дигари гурӯҳи «Д» дар Ҷоми КФО-2019 дастаи футболи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон озими пойтахти Туркманистон- шаҳри Ашқобод гардид.
Дастаи футболи «Хуҷанд» дар ин даври бозиҳо бо дастаи «Алтин Асир» вориди майдони рақобат мешавад. Баргузории ин бозӣ низ 15 май, соати 18:30 ба вақти Душанбе дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки бозии даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 дар гурӯҳи «Д» дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва «Дордой»-и Қирғизистон баргузор шуда, бо ҳисоби калони 4:1 ба нафъи шогирдони Ҳаким Фузайлов хотим ёфт.
Бояд зикр кард, ки ин вохӯрии ҷолибро дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе зиёда аз 13 200 ҳазор нафар мухлисони сершумори футболи тоҷик тамошо намуданд. Ҳанӯз дар дақиқаи 15-уми дидор Алишер Ҷалилов аз зарбаи пеналти ҳисобро боз намуд. Дар анҷоми қисми якуми рақобат яке аз бозингарони шинохтаи дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе Фатҳулло Фатҳуллоев аз зарбаи ҷаримавии 11-метра голи дуюмро ба нишон расонид.
Дар қисми дуюми вохӯрӣ, аниқтараш дар дақиқаи 49-ум легионери сербиягии дастаи футболи «Истиқлол» Михайло Сакич ҳисобро 3:0 намуд. Дар дақиқаи 81-уми бозӣ Шаҳром Самиев голи чоруми дастаашро ба ҳадаф расонида, пирӯзии дастаи «Истиқлол»-ро дар ин дидор таъмин намуд. Ягона голи дастаи футболи “Дордой”-ро дар дақиқаи 50-ум Мирлан Мурзаев ба нишон расонид. Ҳамин тавр баъди ин муваффақият дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе 7 имтиёз ба даст оварда, мавқеашро дар садри ҷадвали гурӯҳи «D»-и Ҷоми КФО-2019 қавитар намуд. Айни замон дастаи футболи «Хуҷанд» бо дарёфти чор хол дар зинаи дуюм, дастаи футболи «Алтин – Асир» бо се хол дар ҷойи сеюм ва дастаи футболи «Дордой» бо касби як имтиёз дар мақоми охирин қарор доранд.
Хотиррасон менамоем, ки ҳайати дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозии Ҷоми КФО-2019 бо дастаи «Дордой»-и Қирғизистон чунин аст:
Дарвозабонҳо: Никола Стошич, Рустам Ятимов;
Ҳимоягарон: Ҷалил Кимсанов (Ӯзбекистон), Алексей Ларин (Украина), Искандар Ҷалилов, Аҳтам Назаров, Зоир Ҷӯрабоев, Бахтиёр Қаландаров;
Ниммуҳофизатгарон: Михайло Сакич (Сербия), Фатҳулло Фатҳуллоев, Эҳсони Панҷшанбе, Амирбек Ҷурабоев, Шаҳром Сулаймонов, Муҳаммаҷон Раҳимов, Алишер Ҷалилов;
Ҳамлагарон: Шериддин Бобоев, Шаҳром Самиев, Комрон Турсунов.
Сармураббӣ – Ҳаким Фузайлов.
Бояд зикр кард, ки ҳайати дастаи «Хуҷанд»-и Тоҷикистон дар бозии Ҷоми КФО-2019 бар муқобили дастаи «Алтин Асир»-и Туркманистон чунин муқаррар шудааст:
Дарвозабонҳо: Давид Купатадзе (Гурҷистон), Муминҷон Гадойбоев;
Ҳимоягарон: Торнике Ҷимшелеишвили (Гурҷистон), Асилҷон Бегимкулов (Ӯзбекистон), Манучеҳр Ахмедов, Давронҷон Эргашев, Соҳибҷон Ҳакимов, Фирдавс Чақалов;
Ниммуҳофизатгарон: Ойбек Абдуғаффоров, Дилшод Каримов, Бахтиёр Чориев, Комрон Мирзонаҷот, Ҳоҷибой Зиёев, Парвиз Алиев;
Ҳамлагарон: Турсуналӣ Рустамов (Қирғизистон), Дилшод Восиев, Дилшод Бозоров, Ҷаҳонгир Эргашев.
Сармураббӣ: Виталий Левченко








Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт
Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» таъйин гардид
Ба дастаи «Сардор» медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 супорида шуданд
Мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик Шариф Назаров дар 80-солагӣ аз олам даргузашт
Федератсияи ҷиу-ҷитсуи Тоҷикистон бо Иттиҳодияи ҷиу-ҷитсуи Осиё (JJAU) ҳамкориро тақвият медиҳад
ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО-2-И ОСИЁ. «Истиқлол» дар сафар бар дастаи футболи «Гоа»-и Ҳиндустон ғолиб омад






