Он ҷангро дар таърих ҳамто набуд! Дар мақомоти гумрук аз қаҳрамонии родмардони тоҷик ёд карданд
ДУШАНБЕ, 08.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни Ғалабаи бузург дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941- 1945), ки 9 май таҷлил мегардад, имрӯз дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар назди ҳайати шахсии дастгоҳи марказии мақомоти гумруки мамлакат сардори Раёсати таҳлил ва омори гумрукии Хадамоти гумрук Бӯрӣ Ҳамрозода ва муовини раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе Абдуҳамид Назаров иди зафарро ба ҳозирин табрик намуданд. Онҳо роҷеъ ба аҳамияти ин санаи таърихӣ –ғалабаи халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, хусусан далерию қаҳрамонии родмардони тоҷик, ки синаи худро сипар намуда, дар набардҳои хунин бар зидди фашизм ҷангиданд ва ному корномаашон дар саҳифаҳои таърих абадан сабт гардидаанд, сухан гуфтанд.
Зикр шуд, ки дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳои тӯлонӣ аҳамият ва бузургии онҳо бештар аён мегарданд. Иди Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо гузашти 74 сол дар радифи санаҳои фаромӯшношуниданӣ қарор дошта, башарият, аз ҷумла мардуми тоҷик ба он арҷ мегузоранд. Дар ин росто, ҳамасола Иди Ғалаба дар саросари кишварамон бошукӯҳ таҷлил гардида, мардум аз қаҳрамонию шуҷоатмандии родмардони Ватан ба некӣ ёд мекунанд. Зеро аз оғози ин ҷанг фарзандони тоҷик дар радифи дигар халқу миллатҳо дар ҷабҳа ва муҳорибаҳои шадиди он иштирок намуда, қаҳрамонии бемисл нишон доданд. Эҳсоси ватандӯстӣ, шуҷоатмандӣ ва мушкилнописандии родмардони тоҷик, ки дар набардҳо қаҳрамонӣ нишон додаанд, имрӯз барои мардуми тоҷик, хусусан насли ҷавон, ки пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақвият бахшида, созандагиву бунёдкорӣ ва ободии Тоҷикистонро ҳадафи худ қарор додаанд, намунаи барҷастаи ибрат ва сабақ аст.
Мусаллам аст, ки ҳангоми оғози Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон ба муҳорибаҳои ин ҷанги дар таърих беҳамто 290 ҳазор нафар сафарбар гардида буданд, ки беш аз 100 ҳазор нафарашон аз набардҳо барнагаштанд. Барои мардонагӣ ва қаҳрамонӣ дар мубориза бар зидди фашизм 56 ҳазор нафар фиристодаҳои Тоҷикистон бо ордену медалҳои ҷангӣ, 54 нафар бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ ва 15 нафар бо ордени Шараф сарфароз гардонида шудаанд.








ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО. Рӯзи Модарро дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил намуданд
Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон назаррас аст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон 6260 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид
Занон дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон саҳми назаррас доранд
«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд






