РӮЗИ САРҲАДБОНОН МУБОРАК! Дар Донишкадаи олиии сарҳадии КДАМ ҶТ факултети нав — фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯи таъсис дода мешавад

Май 28, 2019 08:03

ДУШАНБЕ, 28.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 28 май  Қӯшунҳои сарҳадӣ иди касбии худро ботантана ҷашн мегиранд. Имсол аз таъсиси Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун рӯйдоди муҳим дар таърихи навини Тоҷикистон на танҳо ҷиҳати пойдории давлатдории миллӣ, ҳифзи амнияти ҷомеа ва ҳимояи марзи кишвар, балки нишонаи возеҳи истиқлоли сиёсии давлати Тоҷикистон  маҳсуб мешавад.

Донишкадаи олиии сарҳадии КДАМ ҶТ ягона муассисаи олиест, ки барои омода кардани афсарони касбии Қӯшунҳои сарҳадӣ заминаи мусоид  мегузорад.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ бо  сардори Донишкадаи мазкур, полковник Бадриддин Мирзоев ҳамсуҳбат гардид.

АМИТ «Ховар»: Муҳтарам Бадриддин Қиёмиддинович сараввал Шумо ва дар симои шумо кулли марзбонони мамлакатро  бо Рӯзи сарҳадчиён табрик менамоем. Бигӯед, ки Донишкадаи олиии сарҳадӣ  кай таъсис ёфт,  дар он чанд факултет фаъолият дорад ва аз рӯи чанд ихтисос мутахассисонро  тайёр менамояд?

Бадриддин Мирзоев: 11 июни соли 2001 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи курсҳои кутоҳмуддати Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ бо мавқеи ҷойгиршавиаш дар ноҳияи Ҳисор ташкил карда шуд, ки он барои омода кардани афсарони касбии Қӯшунҳои сарҳадӣ заминаи мусоид мегузошт.

15 сентябри соли 2001 Омӯзишгоҳи олии сарҳадӣ ифтитоҳ гардида, 19 марти соли 2007 ин муассисаи олии сарҳадӣ ба шаҳри Душанбе интиқол дода шуд. Бо Қарори Ҳукумати ҶТ 31 марти соли 2016 Омӯзишгоҳи олии сарҳадии КДАМ ҶТ ба Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ ҶТ табдили ном кард.

Айни замон дар Донишкада 2 факултет- хадамоти сарҳадӣ ва кадрҳои роҳбарикунанда, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос ва 10 кафедраи базавии тахассусӣ ва умумӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо аз рӯи 4 ихтисос- мутахассисони соҳаи хадамоти сарҳад, корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, назоратчиёни нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, фаъолияти опретивӣ-ҷустуҷӯӣ тайёр карда мешаванд.

Факултети ташкили фаъолияти сарҳадӣ барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбиро аз рӯи стандартҳои давлатии таҳсилот амалӣ гардонида, таълиму тарбия ва тайёрии касбии курсантонро мувофиқи талаботи меъёрии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ таъмин менамояд. Дар факултети мазкур аз рӯи 4 ихтисос мутахассисони дараҷаи бакалавр тайёр карда мешаванд.

Дар Факултети тайёрии кадрҳои роҳбарикунанда, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос афсарони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ, назоратчиёни сарҳадӣ, равоншиносони қисмҳои ҳарбӣ, афсарони муҳандисӣ ва афсарони кашофӣ аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузашта, тахассуси касбии худро баланд мебардоранд. То имрӯз Донишкадаи мазкурро наздики ҳазор нафар ҷавонписарон хатм намуда, дар ҳифзи сарҳади давлатӣ фаъолияти пурсамар намуда истодаанд.

Роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳади нақша дорад, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар соли хониши 2019-2020 бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷаҳон факултети фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯиро таъсис диҳад. Феълан  гурӯҳи корӣ машғули таҳияи барномаи таълимӣ мебошад.

АМИТ «Ховар»:  Иқтидори илмию таълимии Донишкада чӣ гуна аст ва омӯзгорон дар кадом кишварҳо такмили ихтисос мекунанд?

Бадриддин Мирзоев: Бо мақсади таҳкими иқтидори илмию таълимии Донишкада аз ибтидои ташкилёбӣ омӯзгорони дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ ба кор ҷалб карда шудаанд.

Ҳоло  дар Донишкада 1 академик, 2 доктори илмҳо ва профессорон, 11 номзади илм, 3 нафар адъюнктҳо, 6 унвонҷӯ ва зиёда аз 41 нафар омӯзгорон-афсарон ба курсантон машғулият ва дарс меомӯзонанд. Дар баробари ин бо мақсади пуррагардонии ҳайати омӯзгорон ва таъмини бонизоми раванди таълим аз дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 16 нафар омӯзгорони ботаҷриба ба кор ҷалб  шудаанд. Дар маҷмӯъ, аз теъдоди умумии омӯзгорон 23 нафар дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ мебошанд.

Соли 2017 тибқи муқаррароти Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар бораи ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои сарҳадӣ 3 нафар омӯзгорони ҷавон барои таҳсил ба адъюнктураи Академияи сарҳадии Хадамоти федералии амнияти Росия фиристода шуда, имсол  2 нафари дигар равон карда мешаванд. Инчунин 9 нафар омӯзгорони Донишкада ҳамчун унвонҷӯй ба корҳои илмӣ машғул буда, дар арафаи ҳимояи кори номзадӣ қарор доранд.

Аз соли ташкилёбӣ то инҷониб аз тарафи олимон ва омӯзгорони Донишкада зиёда аз 120 мақола, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ методӣ таҳия ва нашр шудааст. Дар соли 2018-2019 25 адад китоби дарсӣ аз тарафи устодон таҳия гардидааст.

АМИТ «Ховар»: Барои таъмини амнияти давлат, пуштибонии истиқлолият, пойдории сулҳу субот ва оромии авзои  ҷумҳурӣ  нақши кадрҳои соҳибихтисосу бомаҳорати ҳарбӣ чӣ гуна аст?  

  Бадриддин Мирзоев: Мусаллам аст, ки бунёду навсозии сарҳадӣ ва беҳбудии шароити хизмати ҳарбии сарҳадбонон ҳамеша дар зери назари роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад.

Ба андешаи ман, дар ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ ғайр аз заминаи кофии моддиву техникӣ ва иншооти муҷаҳҳаз, инчунин нақши кадрҳои соҳибихтисосу бомаҳорати ҳарбӣ ва воқеан содиқу ватандӯст бағоят калон аст.

Дар ин самт нақши Донишкадаи олии сарҳадӣ назаррас аст. Аз ин рӯ, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки курсантону афсарони Донишкадаро  ба донишгоҳҳои низомии кишварҳои хориҷӣ барои баланд бардоштани малакаи касбӣ сафарбар намоем. Инчунин барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии сарҳадбонон вохӯриву мулоқотҳо бо адибону сабиқадорон мунтазам ташкил карда, озмунҳои гуногун, аз ҷумла айни замон озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ…»-ро барои ҳавасманд кардани онҳо роҳандозӣ намудаем.

Чунки вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон махсусан вазъияти сарҳади давлатӣ дар байни Тоҷикистону Афғонистон, инчунин ҳалли масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлати Тоҷикистон аз сарҳадбонон тақозо дорад, ки аз ҳарвақта зиракиву ҳушёрӣ ва омодабошии доимӣ зоҳир намоянд. Зеро онҳо ҳомиёни марзу буми аҷдодӣ ва халқу давлат мебошанд ва сарҳад сипари боэътимоди Ватан аст.

АМИТ «Ховар»: Сарҳадбон ҳамеша дар хати пеши муқовимат бо хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир қарор дорад. Яъне сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ синаро сипар намуда, паҳлавонона, ҷасурона ва рустамона марзу буми аҷдодиро ҳимоя мекунанд. Хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ аз дигар хизматчиёни сохторҳои низомӣ бо чӣ фарқ мекунанд ва ҳангоми дохил шудан ба Донишкада кадом хусусиятҳои довталабон ба назар гирифта мешаванд?

Баҳриддин Мирзоев: Дар ҳақиқат, аввалин зарбаи душманро хизматчии ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ кундаи сина мезанад. Дар хати марз истодан масъулияти баландро талаб мекунад. Хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадӣ бояд боидрок, қавиирода, дорои ҳиссиёти баланд ва дониши сиёсӣ бошад. Чашми чун уқоб тезбин ва гӯши тавоно дошта бошад, то самти ҳаракати душманро фаҳмад, садои пешу қафо ва барашро шунавад. Тавре Пешвои миллат таъкид менамоянд, дар ҷаҳони муосир бояд ҳар як ҷавон зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳамеша бар муқобили бадхоҳону душманони миллат истодагарӣ намояд.

Неруҳои марзбон сарҳади давлатиро доим дар ҳолате бояд нигоҳ доранд, ки амнияти мардум ва давлати соҳибистиқлоламонро ҳеҷ кас бо ягон восита халалдор карда натавонад. Дӯст доштани сарзамини аҷдодӣ ва содиқона посбонӣ кардани ҳар ваҷаб марзи он дар асли хеш хизмат кардан ба Ватан аст.  Аз ин рӯ, ҳар як корманд аз хизматчии оддӣ сар карда, то афсарони баландрутба бояд салоҳияти касбӣ, сатҳи баланди маҳорату маърифатнокӣ, зиракии сиёсӣ ва дасту дили пок дошта бошад, то ки дар шароити ноустувори ҷомеаи ҷаҳонӣ ва афзудани хатарҳои муосир ҳама гуна амалҳои номатлубу қонуншиканиро пешгирӣ намуда, рисолати касбии худ — таъмини амнияти давлат, пуштибонии истиқлолият, пойдории сулҳу субот ва оромии авзои кишварро сарбаландона адо карда тавонад.

Ҳамасола аз тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ довталабони болаёқат ба Донишкада ҷалб карда мешаванд. Ҳангоми дохилшавӣ ҳаматарафа донишу малакаи онҳо имтиҳон карда мешаванд. Баъди дохилшавӣ як қисми онҳо барои тадрис ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар кишварҳо фиристода мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Он тағйироту дигаргуниҳои куллие, ки феълан дар фазои геополитикии олам ба вуҷуд омада истодаанд, дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатамон аз сарҳадбонон чиро тақозо мекунад?

Бадриддин Мирзоев:  Барои ҳар як давлат дар раванди муқаррар намудани муносибатҳои стратегӣ бо кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ дар мадди аввал қарор додани таъмини амният ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ мебошад.

Мо хуб медонем, ки тоҷикон аз қадумулайём соҳиби нангу номуси ватандорӣ буда, аз уҳдаи муҳофизати марзашон бо сарбаландӣ баромадаанд. Хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ин анъанаи ниёгонро идома дода, аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангини давраҳои аввали ташаккулёбии давлатдории миллиамон бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузаштаанд.

Имрӯз ҳам онҳо дар хати пеши муқовимат бо хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла паҳншавии терроризму экстремизм, қочоқи силоҳу маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ қарор дошта, вазифаҳои касбии хешро содиқона иҷро менамояд.

Вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон, инчунин ҳалли масъалаҳои вобаста ба таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатамон аз сарҳадбонон тақозо дорад, ки беш аз ҳарвақта зираку ҳушёр бошанд, омодабошии ҷангии худро ҳамеша нигоҳ доранд ва ба иҷрои вазифаҳои касбии худ ҳамчун рисолати бисёр масъулиятнок дар назди Ватан-Модар муносибат намоянд. Чун сипари боэътимоди Ватани аҷдодии хеш Тоҷикистонро дар марзҳои муқаддаси он ҳифз намоянд.

«Ховар»: Чун имрӯз Иди касбии ҳомиёни марзу буми Ватан аст,  чӣ таманниёт  ба сарҳадбонон доред?

Бадриддин Мирзоев: Кулли хизматчиёни Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ-ро ба муносибати 25-умин солгарди ташкилёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ табрик намуда, таманно мекунам, ки ҳамеша онҳо дар фикри дӯст доштани Ватан  бошанд ва сарбаландонаву софдилона ин сарзамини аҷдодиро ҳимоя намоянд.

Май 28, 2019 08:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазорати корҳои дохилӣ: «Ҳеҷ гоҳ корти бонкӣ ё маълумоти онро ба шахсони сеюм надиҳед»
Дар Палатаи ҳисоб оид ба сиёсати ҳуқуқии давлат дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм машварат доир шуд
Ҷаласаи Комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Шаҳринав баргузор шуд
Монографияи «Таърихи ҳуқуқи байналмилалӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ» нашр шуд
Прокуратураи генералӣ: «Дар робита ба кушторҳои дар шаҳри Конибодом рухдода гумонбарон дастгир гардиданд»
Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти даъвати тирамоҳӣ ҷаласа баргузор гардид
1500 нафар ҷавонони синни даъватии вилояти Суғд даври омӯзишии ронандагиро хатм намуданд
Дар шаҳри Бодканд вохӯрии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи таъсиси Воҳидҳои таъйиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Вобаста ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи политсия» ҷаласа баргузор шуд
Вобаста ба вазъияти фавқулода, низоъҳо ва ҳамоҳангии иҷтимоӣ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд