Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск аз кӯли Сарез дидан мекунад

Май 29, 2019 14:05

ДУШАНБЕ, 29.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 30 май аз кӯли Сарез ва ноҳияи Дарвоз  дидан мекунад»,- хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

 Инчунин интизор меравад, ки худи ҳамон рӯз маросими расмии истиқболи Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск дар Қасри миллат баргузор гардад.  Сараввал  мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск доир  мегардад. Сипас мулоқоти   васеи ҳайатҳои Тоҷикистон ва Итиҳоди Аврупо доир мешавад. Дар анҷоми  мулоқот   изҳороти матбуотии муштарак ба намояндагони воситаҳои ахбори омма дар назар аст.

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск бо арзи эҳтиром ба арзишҳои волои миллати  тоҷик дар майдони «Дӯстӣ»-и  шаҳри Душанбе  дар назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо Муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар мегузорад.

 

Май 29, 2019 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд