Рамазон Раҳимзода ва Педро Серрано масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди ҷинояткориро баррасӣ намуданд

Май 16, 2019 17:10

ДУШАНБЕ, 16.05.2019./АМИТ «Ховар»/. 16 май Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо муовини Котиби генералӣ оид ба сиёсати умумии амният ва мудофиа, эътино ба ҳолатҳои буҳронии хадамоти аврупоии робитаҳои берунӣ Педро Серрано мулоқот намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода  изҳор дошт, ки вохӯрии имрӯза самарабахш буда, қадами устуворе дар ҳамкории минбаъда хоҳад буд.

Зикр гардид, ки Конвенсияи аврупоӣ оид ба пешгирии терроризм, ки соли 1977 дар Страсбург ба имзо расидааст, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, дар доираи он ҳамаи масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи мазкур бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ карда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таъмини амният ва ҳамкориро дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ баррасӣ намуда, ҷиҳати рушду густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд таклифу пешниҳодҳои ҷолиб баён намуданд.

Май 16, 2019 17:10

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»