Раванди таҳияи барнома ва маводҳои таълимӣ дар асоси МТАС (методологияи таҳсилот дар асоси салоҳият) оғоз гашт

Май 29, 2019 10:03

ДУШАНБЕ, 29.05.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Аз 27 то 31 майи соли ҷорӣ дар маркази тренингии Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» семинар дар мавзӯи «Таҳияи барнома ва маводҳои таълимӣ дар асоси МТАС (методологияи таҳсилот дар асоси салоҳият)», барои фасилитаторони дар асоси озмун интихобгашта ва кормандони МД «Маркази таълимӣ-методӣ ва мониторинги сифати таълим»  доир карда мешавад.

 Тавре аз  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тренинги мазкурро мушовири байналмилалӣ оид ба таҳияи барнома ва маводҳои таълимӣ хонум Болормаа Самдам мегузаронад.

Мақсади семинари мазкур омӯзондани иштирокчиён оид ба таҳияи барнома ва маводҳои таълимӣ бо дарназардошти методологияи таълим дар асоси салоҳияти касбӣ мебошад. Тренинг бо усули интерактивӣ гузаронида шуда, ин раванд имкон медиҳад, ки методолигияи таҳияи барнома ва маводҳо хубтар аз худ карда шавад ва дар амал татбиқ гардад.

Ёдовар мешавем, ки бо такя ба стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 татбиқи лоиҳа ба ҳали масъалаҳои модернизатсияи методологияи таълимӣ дар низоми таҳсилоти ибтидоӣ касбӣ ва омӯзиш тавассути истифодаи стандартҳои салоҳиятҳои ҳар як касб ва барномаҳои таълимӣ дар асоси салоҳият равона шуда, омодасозии кадрҳоро барои панҷ соҳаи афзалиятноки иқтисоди кишвар, аз ҷумла сохтмон, кишоварзӣ, энергетика, сайёҳӣ ва хизматрасонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия дар оянда амалӣ хоҳад намуд.

Ба иттилои манбаъ, то ба имрӯз харитаҳои функсионалии 17 касби коргарӣ  омода гардида, дар асоси онҳо стандартҳои салоҳияти 11 касб таҳия шудаанд ва таҳияи 6 стандарти дигар идома дорад.

Мавриди зикр аст, ки Лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» дар асоси созишномаҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон аз соли 2016 амалӣ мешавад.

Май 29, 2019 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд