Ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар: ҷавонони мо воқеан имрўз нерӯи бузурги бунёдкору созанда эътироф шудаанд

Май 23, 2019 10:50

ДУШАНБЕ, 23.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ректори донишгоҳ  Муҳамад Шодиён бо устодону донишҷӯёни фаъол, ки дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ба дастовардҳо ноил шуданд, мулоқот доир  намуд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар», омӯзгори кафедраи рӯзноманигории ДДБ  ба номи  Носири Хусрав  Комрон Расулов хабар дод, дар оғози ин чорабинӣ ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар Муҳамад Шодиён, устодону донишҷӯёнро табрик намуда, аз дастоварду комёбиҳои онҳо ёдовар шуда, бо қаноатмандӣ қайд кард, ки ҷавонони мо воқеан, имрўз нерӯи бузурги бунёдкору созанда эътироф шудаанд.

Ҳамчунин зикр гардид,  ки имрўз ҷавонони мо атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ озодона ибрози андеша менамоянд ва ин далели ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи кишварамон арзёбӣ мегардад.

Ба гуфтаи  Муҳамад Шодиён, «мо умед дорем, ки ҷавонон дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ саҳми фаъоли худро мегузоранд. Ҷавонон муҳофизони боэътимоди ватан, амнияти давлату ҷомеа, сарчашмаи ташаббусҳо ва захираи тиллоии миллату давлат ҳастанд. Гузашта аз ин, онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу амалҳои созандаи Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат мебошанд, ки Ватани азизамонро ҷуз худи мо ва махсусан ҷавонон каси дигар обод нахоҳад кард».

Бо иттилои манбаъ, дар идомаи суханронии худ ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар аз рафтори бади баъзе донишҷӯён изҳори нигаронӣ намуда, қайд кард, ки ҳолатҳои даст задани ҷавонони мо ба ҳар гуна кирдору амалҳои номатлуб, аз қабили ҷинояткорӣ, худкушӣ ва ғайра боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.

Инчунин, раиси Созмони ҷавонони донишгоҳ Меҳроҷ Раҳимзода, ҳангоми суҳбат қайд намуд, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва зиндагии шоистаи мардуми он аз мову шумо вобаста мебошад. Зеро мо – насли имрўза ҳар кореро, ки аз дастамон меояд, ба хотири ободии ватан, пешрафти Тоҷикистон ва суботу оромии кишвар анҷом медиҳем. Ва шумо низ вазифадор ҳастед, ки имрўз илму дониш ва касбу хунар омўзед, то фардои ватан ва ояндаи миллатро ободу  осуда гардонед.

Дар охири чорабинӣ 25 нафар омӯзгор ва 56 нафар донишҷўёне, ки дар чорабиниҳои варзишӣ иштирок намуда буданд, аз ҷониби Кумитаи муттаҳидаи Иттифоқи касабаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ифтихорномаю туҳфаҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Май 23, 2019 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»
Бунафша Файзиддинзода: «Бигузор занону духтарони мо дар арсаи байналмилалӣ бо либоси зебои тоҷикӣ парчамбардори сарзамини аҷдодӣ бошанд!»
ИХТИРОЪКОРИ БЕҲТАРИНИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти Ганҷина Наврӯззода намунаи ибрат ва шоистаи пайравӣ аст
Пешвои миллат: «Зан – модар меҳвари хонавода ва пайвандгари оила бо ҷомеа аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад
МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО. Рӯзи Модарро дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил намуданд
Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон назаррас аст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон 6260 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи Модар барномаи бошукуҳи фарҳангӣ доир гардид