Роҳбарони мақомоти ҳарбии давлатҳои иштирокчии СААД вазъи муташанниҷи сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуданд

Май 2, 2019 08:42

ДУШАНБЕ, 02.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Бишкек нишасти вазирони мудофиаи давлатҳои иштирокчии  СААД баргузор гардид. Намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия ва Тоҷикистон мубодилаи афкор оид ба масъалаҳои даъват ва таҳдидҳо дар Осиёи Марказиро баррасӣ намуда,  инчунин масоили ташкили амалкарди якҷоя дар самти коҳиши фишорҳо дар ҳудуди сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро мавриди таҳлил қарор доданд, Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба хабари Кумитаи иҷроияи ИДМ иттилоъ медиҳад.     

Бино ба иттилои Маркази матбуоти ситоди генералии Қирғизистон, сарони идораҳои мудофиавӣ ҳамчунин як зумра ҳуҷҷатҳо, аз қабили омодасозии мақомоти идоракунӣ, ташкили қувва ва воситаҳои низомҳои амнияти дастаҷамъӣ  барои соли оянда, нақшаи машваратҳо оид ба масоили сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиаро баррасӣ намуданд.

Ҳамзамон иштирокчиёни ҷаласаро Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба ҳузур пазируфт.

«Дар назди давлатҳои мо вазифаҳои басо муҳим оид ба таъмини амнияти давлатӣ меистанд. Қирғизистон  дар чаҳорчӯби Созмони Ҳамкории Шанхай, ИДМ ва СААД ба масъалаҳои ҳалли минбаъдаи ҳамгироии минтақавӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.

Бо мақсади таъмини амнияти дастаҷамъӣ Қирғизистон минбаъд низ барои беҳтар кардан ва пурра намудани ин самти кор ташаббусҳои худро идома хоҳад дод. Авлавияти эълоншудаи раисии мо низ ба тақвияти масоили амниятӣ равона гардидааст», — афзуд роҳбари ин мамлакат.

Вазири мудофиаи Беларус Андрей Равков аз номи иштирокдорони ҷаласаи вазирони мудофиаи СААД ба Президенти Қирғизистон барору комёбӣ таманно намуд.

Дар охири ҷаласа Сооронбой Жээнбеков боварии хешро ҷиҳати муваффақона гузаронидани чорабиниҳои давоми соли равон дар назар дошта изҳор намуда, ба иштирокчиён дар таҳия ва таҳкими кори созмон комёбӣ таманно намуд.

Май 2, 2019 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд