Роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии Осиёи Марказӣ дар Душанбе мушкилоти соҳаро баррасӣ намуданд

Май 14, 2019 09:45

ДУШАНБЕ, 14.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Мушкилоти мавҷудаи соҳаи авиатсияи гражданӣ, ки ба афзоиш ва рушди парвозҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ монеа эҷод менамоянд,  ҳамчунин масоили марбут ба бехатарии авиатсионӣ  ва таъмини сӯзишворӣ дар  нахустин нишасти роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии  давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе баррасӣ гардид.

Нишасти мазкур бо ибтикори ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ /ИАТА/ гузаронида шуда, дар ҷараёни он роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» (Тоҷикистон), «Эйр Астана» (Қазоқистон), «SCAT» (Қазоқистон), «QAZAQ Air» (Қазоқистон), «Uzbekistan Airways» (Ӯзбекистон) ва «Авиа Траффик» (Қирғизистон) иштирок намуданд.

Дар нишаст гуфта шуд, ки тибқи дурнамои ИАТА то соли 2037 гардиши мусофирон дар саросари ҷаҳон ду маротиба афзоиш меёбад ва бо сабаби гароиши маркази иқтисоди ҷаҳонӣ аз Ғарб ба Шарқ сатҳи интиқолоти ҳавоӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ боло хоҳад рафт. Густариши ҳамкории байнидавлатӣ омили муҳими ин раванд мебошад.  Ширкатҳои ҳавопаймоии минтақа як зумра мушкилоти соҳаро зикр намуданд, ки ба рушди авиатсия дар Осиёи Марказӣ халал ворид месозанд, аз ҷумла, на танҳо ширкатҳои ҳавопаймоӣ, балки мақомоту сохторҳои танзимкунандаи соҳа набояд аз бехатарии авиатсионӣ сарфи назар намоянд ва ба пуррагӣ ба стандартҳои байналмилалии бехатарии авиатсионӣ, аз ҷумла ба талаботи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO), стандартҳои техникии Агентии Аврупо оид ба бехатарии парвозҳо (EASA), аудити бехатарии истифодаи  ИАТА (IOSA) ва талаботи аудити ИАТА оид ба бехатарии хизматрасонии рӯизаминӣ (ISAGO) ҷавобгӯ бошанд.

Инчунин таваҷҷуҳи Ҳукумати кишварҳо бояд ба истифодаи таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ оид ба андозбандӣ, пардохтҳои гумрукӣ ва дигар хароҷоти марбута ҷалб  гардад. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ, аз ҷумла коркарди маълумот дар бораи мусофиронро барои мақсадҳои бехатарии авиатсионӣ муҳим мешуморанд, аммо низомҳои мазкур набояд аз ҳисоби ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва мусофирон маблағгузорӣ шаванд. Айни замон дар 94 кишвари ҷаҳон аз коркарди маълумоти мусофирон пардохтҳо ситонида намешаванд.

Ҳамзамон зикр шуд, ки афзоиши хатсайрҳои мустақим шарти асосии амалисозии иқтидори рушди иқтисодии кишварҳо мебошад ва ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз ҳукуматҳои кишварҳо даъват ба амал меоранд, ки стандартҳои беҳтарини ҷаҳонӣ ҷорӣ карда шуда, инфрасохтори зарурӣ аз рӯи нархгузории асосноку шаффоф, ҳам нисбат ба интиқолоти ҳавоӣ ва ҳам дар хизматрасонии рӯизаминӣ густариш дода шавад.

Роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба ҳамкории самаранок ва мутақобилан муфид бо ҳукуматҳои кишварҳо дар самти стратегияҳои рушди авиатсия ва беҳтарсозии соҳаи авиатсионӣ, ҳамчунин бартарафсозии мушкилоти мавҷуда барои рушди авиатсия дар минтақа изҳори умедворӣ намуданд.

Дар интиҳо коршиносони Асосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ, ки дар нишаст ба ҳайси нозир иштирок доштанд, омодагии худро барои дастгирии ихтисосӣ баён намуданд. Нишасти роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои Осиёи Марказӣ минбаъд соле ду маротиба гузаронида шуда, вохӯрии навбатӣ моҳи октябри соли  равон ба нақша гирифта шудааст. Дар анҷом роҳбарону намояндагони ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  бо Ассосиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ /ИАТА/ зимни нишасти хабарӣ ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма оид ба натиҷаи нишасти нахустини роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии  давлатҳои Осиёи Марказӣ посух доданд.

Май 14, 2019 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба 11 ҳазор расид
Эмомалӣ Раҳмон: «Ташрифи сайёҳон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 баробар афзудааст»
Қитъаи муҳими роҳи Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб бо пулу нақб мавриди истифода қарор гирифт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 25 миллиард сомонӣ равона шудааст»
Дар Хадамоти гумрук моҳияти қонунҳои миллӣ тавзеҳ дода шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалисозии 9 барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ идома дорад»
Байни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Ленингради Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Раҳмон Исломиддин дар ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Дар Турсунзода Фестивали саводнокии молиявӣ баргузор шуд
Татбиқи тарҳи «CASA-1000» намунаи ҳамкории энергетики минтақавӣ мебошад
Ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Ҷопон баргузор гардид
Байни «Амонатбонк» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид