РОҲИ МОШИНГАРДИ ВОСЕЪ — ХОВАЛИНГ. Он сайёҳонро ба тамошои ёдгориҳои таърихию фарҳангии мавзеъҳои Балҷувону Сарихосор мебарад

Май 17, 2019 17:28

ДУШАНБЕ, 17.05.2019./АМИТ «Ховар»/. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки «Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи бунёди роҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, то имрӯз ҷиҳати расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ — раҳоӣ бахшидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ лоиҳаҳои зиёди инфрасохториву ислоҳотиро амалӣ гардонид. Татбиқи пурраи ҳадафи зикршуда барои Тоҷикистон аҳамияти аввалиндараҷа дошта, солҳои оянда низ ҳамчун самти муҳиму афзалиятнок боқӣ хоҳад монд».

Аз ҷумла, татбиқи  лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг  ба рафъи мушкилоти рафтуои  сокинони ин ду ноҳия мусоидат намуда,   ба сифати як қитъаи махсуси Шоҳроҳи бузурги  абрешим боиси тавсеаи муносибатҳои иқтисодии шаҳру навоҳии  мамлакат  мегардад.

Тавре аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мухбири АМИТ  «Ховар» хабар доданд, таҷдиди роҳи  мазкур  анҷом ёфта, 22 июни соли 2018 иншоот аз ҷониби Комиссияи давлатӣ қабул гардидааст.

Баъди ба истифода додани  роҳи мошингарди Восеъ-Ховалинг  имкон фароҳам гардид, ки мушкили рафту омади воситаҳои нақлиёт, мусофиркашӣ бартараф гардида, интиқоли молу маҳсулот тариқи роҳи мазкур бештар гардад.

Лоиҳаи таҷдиду  навсозии роҳи зикршуда бо дарозии қариб 88 километр аҳамияти калони иқтисодиву иҷтимоӣ дошта, дар ҳудуди ноҳияҳои Восеъ ва Ховалинг амалӣ гардид. Ин роҳ ноҳияҳои зикршуда, инчунин минтақаи ҷойгиршавии корхонаҳои истихроҷу коркарди маъданҳои табииро бо маркази вилоят ва пойтахти мамлакат мепайвандад.

Роҳи мазкур инчунин робитаи нақлиётиро бо се коридори байналмилалӣ, аз ҷумла ба воситаи ноҳияи Тавилдара ба коридори 3, яъне роҳи Душанбе – сарҳади Қирғизистон, ба воситаи шаҳри Бохтар ба коридорҳои 5 ва 6, яъне шоҳроҳи Душанбе – сарҳади Афғонистон ва тавассути шаҳри Кӯлоб ба роҳи Душанбе – Хоруғ – Мурғоб – Кулма – шоҳроҳи Қароқурум таъмин менамояд.

Дар идомаи лоиҳаи зикршуда аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таҷдиду  навсозии роҳи Лабиҷар – Тавилдара-Дарвоз ба масофаи 135 километр чораҳои мушаххас амалӣ шуда истодаанд, ки ин иқдом низ ба васеъ гардидани имкониятҳои транзитии  мамлакат  мусоидат менамояд.

Баъди ба анҷом расидани ин лоиҳаи сармоягузорӣ имконият фароҳам меояд, ки ҳаракати осону бемамониати воситаҳои нақлиёт дар байни шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва робитаи нақлиётии се давлати ҳамҷавор – Афғонистону Қирғизистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин тавассути Тоҷикистон таъмин карда шавад.

Мавриди зикр аст, ки  яке аз ҳадафҳои  асосии боздиди Сарвари давлат аз ноҳияи Ховалинг моҳи сентябри соли 2013 иштирок дар маросими тантанавии оғози навсозии роҳи мошингарди Восеъ – Ховалинг буд.

Зимни шиносоӣ бо нақшаи навсозии роҳи мошингарди Восеъ — Ховалинг, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин роҳи 87-километра ва қитъаи Сайрон-Қарамиқи шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Қирғизистон бо харҷи  беш аз 89 миллион доллари амрикоӣ мавриди навсозӣ қарор мегирад. Дар доираи ин лоиҳа дар масири Восеъ-Ховалинг 87 км роҳи асосӣ бо 12 пули хурду бузург ва ҳамчунин 30 км роҳҳои маҳаллии деҳот навсозӣ мешаванд.
Зимни суханронӣ дар маросими тантанавии роҳи мазкур Президенти мамлакат иброз доштанд, ки  «мо имрӯз бо мақсади идома бахшидан ба раванди муҳайё кардани шароити муосири коммуникатсионии ҷумҳурӣ  бо ҷалби имкониятҳои молиявии Бонки Осиёии Рушд ба татбиқи яке аз лоиҳаҳои муҳиму афзалиятнок дар ин самт, яъне таҷдиду  навсозии роҳи Восеъ -Ховалинг оғоз намудем. Бояд гуфт, ки ин иқдоми Ҳукумати мамлакат аз ҷониби Шӯрои Бонки Осиёии Рушд дастгирӣ ёфт ва бонки мазкур маблағи 350 миллион сомониро ҳамчун грант бо ин мақсад ҷудо намуд.

Маблағи умумии лоиҳаи мазкур 425 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки қариб 40 миллион сомонии онро Ҳукумати Тоҷикистон ҳиссагузорӣ мекунад».

Ин роҳ аз пули таҷдидёбандаи маркази ноҳияи Восеъ, ки он роҳи мошингарди Восеъ — Ховалингро ба шоҳроҳи байналмилалии Душанбе — Кӯлоб — Қулма пайваст мекунад, шурӯъ мешавад.

Аҳамияти бештари  роҳи мазкур дар он аст, ки дар шафати он иншооти зиёди хизматрасонию истироҳатӣ бунёд ёфта истодаанд, ки  барои рушди сайёҳӣ ва соҳиби ҷойи кор гаштану манфиати иқтисодӣ бардоштани сокинони маҳаллӣ мусоидат менамояд.

Бояд илова намуд, ки дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои сарфагардидаи роҳи мошингарди «Восеъ-Ховалинг» ва маблағҳои грантӣ  сохтмони роҳи  мошингарди  «Кангурт-Балҷувон-Ховалинг» оғоз гардидааст. Барои бунёди роҳи мазкур 11,8 миллион доллари амрикоӣ пешбинӣ шуда,  тибқи лоиҳа ҳамзамон 6 пули мошингузар бо дарозии 500 метр дар болои рӯдхонаҳои ин масир аз нав барқарор карда хоҳанд шуд.

Ин кӯпрукҳо дар натиҷаи рафтуомади мошинҳои боркаш ба навсозӣ ниёз пайдо намудаанд, ки баробари амалигардии пурраи лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди «Кангурт-Балҷувон-Ховалинг» мушкили ронандагону мусофирон аз тариқи ин хатсайр рафъ мешавад.

Бо мақсади дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳи  мазкур, ки аз шафати дарёҳо мегузарад, роҳандозии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар масофаи 1 ҳазору 640 метр пешбинӣ гардидааст.

Лоиҳа қитъаҳои таъмирталаб, мавзеъҳои дохили минтақаҳои аҳолинишин ва 29 қубури обгузар, 7 қубури нав, 25 ҳазору 880 метр иншооти ҳимоявӣ, 4 ҳазору 870 метр роҳи пиёдагарди паҳноиаш аз 1,5 то 3 метр ва 19 ҳазору 390 метр ҷӯйбори оҳану бетониро дар бар мегирад.

Таҷдид ва барқарорсозии роҳи мошингарди Кангурт-Балҷувон – Ховалинг барои минтақа аҳамияти муҳими иқтисодӣ дошта, алоқаи мунтазами нақлиётиро байни шаҳрҳои Кӯлоб, Бохтар, Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъмин намуда, имкон медиҳад, ки кишоварзӣ ва истеҳсолоти саноатӣ рушд ёбад.

Бояд зикр намуд, ки Ховалинг ва мавзеъҳои ҳамшафати он, аз қабили Балҷувону Сарихосор, ки соҳиби садҳо ёдгориҳои таърихию манзараҳои зебои табиианд,  барои ҷалби сайёҳони дохилию берунӣ мувофиқ мебошанд.  Бунёди роҳи мошингарди Восеъ — Ховалинг ва  Кангурт-Балҷувон-Ховалинг барои расидан ба ин ҳадаф мусоидат менамояд.

Рухсораи НУР,
 АМИТ «Ховар»

Май 17, 2019 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони ноҳияи Лахш беш аз 75 ҳазор тонна картошкаи хушсифат истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна ангишт истихроҷ гардидааст
Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бозори дохилии асъор ва сиёсати қурбиро шарҳ дод
Раёсат дар Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ба ҷониби Тоҷикистон гузашт
Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ: «Тоҷикистон аз ҳисоби афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба мамлакат дар зинаи сеюм қарор гирифт»
Аз шаҳри Душанбе ба самти Давҳа парвозҳо оғоз гардиданд
Дар Душанбе нишасти нуздаҳуми Шурои роҳбарикунандаи СПЕКА баргузор гардид
Байни Агентии содироти Тоҷикистон ва Кумитаи рушди содироти Арабистони Саудӣ оид ба рушди содироти ғайринафтӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба ташкили бозори минтақавии неруи барқи мамлакатҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Сулаймон Султонзода дар Нишасти дуюми вазирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Имсол аз Тоҷикистон беш аз ҳазор тонна хуч ба хориҷи мамлакат содирот гардидааст