Сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон дар Хоруғ бо раиси вилоят ва хатмкардагони муассисаҳои олии Ҳиндустон мулоқот намуд
ХОРУҒ, 07.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Раиси вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош мулоқот намуда, оид ба тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи маорифу тандурустӣ мубодилаи афкор намуданд.
Зикр гардид, ки беш аз 60 нафар донишҷуён аз шаҳру ноҳияҳои вилоят дар донишгоҳу донишкадаҳои олии ин давлат дар факултетҳои гуногун таҳсил менамоянд. Раиси вилоят изҳори умедворӣ намуд, ки дар оянда барои ҷалби мутахассисони соҳаҳои мухталифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар ҷумҳурии Ҳиндустон шароит фароҳам оварда мешавад. Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки имсол 6 нафар мутахассисонро барои бозомӯзӣ ба кишвараш мефиристонад ва дар оянда ҳамкориро дар ин самт боз ҳам густариш медиҳад .
Дар мулоқот ҳамчунин масъалаи насби 3 адад дастгоҳҳои барқии офтобӣ дар деҳоти дурдасти ноҳияҳои Мурғобу Ванҷ бо иқтидори аз 24 то 101-киловатта баррасӣ гардид. Дар соҳаи тандурустӣ он нукта зикр гардид, ки аз ҳисоби Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон соли гузашта 4 адад мошини ёрии аввалини тиббӣ ба муассисаҳои табобатии вилоят тақдим гардид.
Сафири Ҳиндустон ҳамчунин бо хатмкардагони муассисаҳои олии ин кишвар, ки ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят кору зиндагӣ мекунанд, мулоқоти кӯтоҳ анҷом дода, ба ноҳияҳои Мурғобу Ишкошим сафар кард.








Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд






