«ТАҲСИЛИ ФАРОГИР: МАКТАБ БАРОИ ҲАМА». Дар шаҳри Хоруғ дар ин мавзӯъ ҳамоиши минтақавӣ баргузор гардид

Май 29, 2019 08:56

ХОРУҒ, 29.05.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Соли 2018  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид  оид ба шахсони  оризаи ҷисмонӣ дошта имзо гузоштанд. Ба ин муносибат дар шаҳри Хоруғ,   дар  толори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ  бо иштироки  намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилотҳои ҷамиятӣ аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, коршиносони созмонҳои байналмилалӣ дар мавзӯи «Таҳсили фарогир: Мактаб барои ҳама» ҳамоиши минтақавӣ баргузор гардид.

Дар ҳамоиш ҳамчунин волидони фарзандони дорои имконияташон маҳдуд низ ҳузур доштанд.

Ба гуфтаи роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Рушди инклюзив» аз шаҳри Душанбе  Зайнура Набиева, расидагӣ ба ҳалли  мушкилоти кӯдакони имконияташон маҳдуд танҳо вазифаи мақомоти  иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо нест, балки ба зиндагии оддӣ ва бе ҳарос баргардонидани ин қишри ҷомеа рисолати ҳар фарди ҷомеа мебошад.

«Тарбияи ин кӯдакон низ аз рӯзи таваллуд оғоз мешавад ва онҳо дар баробари дигар ҳамсолони худ бояд ба боғча -яслӣ, маҳфилҳои рушди барвақтии кӯдакон ва баъд аз он ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷалб карда шаванд. Нақши волидон дар ин кор хеле муҳим аст, вале мутаассифона на ҳамаи онҳо аз вазифа ва ҳуқуқи кӯдакони дорои имконияти маҳдуд огоҳии комил доранд.

Аз ин рӯ, дар дар чунин ҳамоишҳо мо бори дигар онҳоро аз ҳуқуқу уҳдадориҳояшон  огоҳ мекунем ва ба онҳо тарзи дурусти тарбияи ин кӯдаконро мефаҳмонем», — илова намуд З.Набиева.

Сардори Раёсати маорифи вилоят Одинашоҳ Мардов ба таълиму таҳсил фаро гирифтани кӯдакони имконияташ маҳдудро як амри зарурӣ унвон намуда, изҳор дошт, ки то ҳол дар муассисаҳои таълимии вилоят ҳодисаи худдорӣ варзидани омӯзгорон  аз қабули чунин кӯдакон ба кӯдакистонҳо ё таълимгоҳҳо ба мушоҳида нарасидааст.

«Аммо баъзан суҳбатҳо дар мавриди он ки кӯдакони аз ҷиҳати ҷисмонӣ ноқис ба рафти дарс халал мерасонанд, ба гӯш мерасанд, ки ин овозае беш нест. Омӯзгори асил қабл аз ҳама равоншинос аст ва ӯ ба дили ҳар кӯдак хоҳ аълохон бошад, хоҳ душвортарбия ва  ё маъюб роҳ меебад. Агар зарур шавад, ба хонаашон рафта, ба онҳо таълим медиҳанд»,- зикр кард О.Мардов.

Номбурда аз волидони фарзандони имконияташ маҳдуд  хоҳиш кард, ки агар ҳангоми қабули фарзандонашон ба муассисаҳои томактабӣ ва ё мактабӣ бо ягон мушкил рӯ ба рӯ оянд, дар зудтарин фурсат ба  Раёсати маорифи вилоят  муроҷиат кунанд.

Алҳол дар шаҳри Хоруғ ташкилоти ҷамъиятии «Маркази нур» ба таълим, тарбия ва табобати зиёда аз  60 нафар кӯдакону наврасони имконияташ маҳдуд машғул аст. Бинои ташкилоти мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар он синфхона, ошхона ва кабинетҳои тиббию варзишӣ мавҷуд аст.

Май 29, 2019 08:56

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд