Табибони корвони саломатӣ дар Кӯлоб бо 4900 нафар сокинон машварат гузарониданд

Май 3, 2019 10:28

КӮЛОБ, 03.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар маъракаи корвони саломатие, ки дар шаҳри Кӯлоб доир гардид, табибон бо беш аз 4900 нафар сокинон машварат гузаронида, онҳоро ташхис карданд.

Чанде пеш дар шаҳри Кӯлоб гурӯҳи калони табибон аз ҳисоби профессорону дотсентҳо ва номзадҳои илм шурӯъ аз соати шаши пагоҳӣ дар назди Маркази саломатии рақами 1-и шаҳр ва Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ ташхиси ройгони шахрвандонро оғоз карданд. Тавре  корманди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Бандаев иттилоъ дод, сокинони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба назди табибони корвони саломатӣ омада, аз ташхису муоина гузаштанд. Табибон сокинонро ташхис намуда, барои табобат ба беморхонаҳо роҳхат  ва  ба қисми дигар дорухат доданд.

Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  табибони корвони тандурустӣ ҷарроҳии  43 нафар  беморон ва хатнаи 80 нафар кӯдаконро ройгон гузарониданд. Инчунин  беш аз 7 ҳазор сокинон барои ташхис ва машварат омаданд. Аз ин шумора 530 нафар аз ташхиси ултрасадо, 424 нафар аз Вируси норасоии масунияти одам,  203 кас аз ташхиси қанд гузашта, ба беш аз 5000 нафар маводи иттилоотӣ оид ба пешгирии бемориҳои гуногун дода шуд.

Ин гуна корвони саломатӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат  низ гузаронида мешавад.

Май 3, 2019 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд