Таэквондочиёни навраси тоҷик дар шаҳри Самарқанд соҳиби 4 медал гардиданд

Май 14, 2019 10:00

ДУШАНБЕ, 14.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони навраси тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондо   дар шаҳри Самарқанди  Ҷумҳурии Ӯзбекистон сазовори 4 медал – 1 тилло ва 3 нуқра гардиданд. Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ   ба мухбири АМИТ «Ховар»  хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ, мусобиқа бо иштироки варзишгарони навраси кишварҳои Осиёи Марказӣ 11-12 май доир гардид. Медали тиллоро Шоҳрӯз Норов дар вазни 33 кг ба даст овард. Аъзам Ғаниев дар вазни 33кг, Муҳаммадризо Шукуров дар вазни 37кг ва Нурулло Муродов дар вазни 45кг ба гирифтани медалҳои нуқра мушарраф шуданд.

Ба иттилои раиси федератсияи таэквондо Ҷаҳонзеб Қармишев, иштирок дар ин мусобиқа барои интихоби варзишгарони беҳтарин ҷиҳати омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон, ки моҳи августи соли равон ба нақша гирифта шудааст, мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин тибқи барномаи махсуси федератсия, варзишгарони беҳтарин ба Бозиҳои олимпии наврасон-2022 тайёрӣ мебинанд.

Қаблан таэквондочиёни навраси тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Суйлиш Батир дар   Қазоқистон 3 медал – 1 нуқра, 2 биринҷӣ  ба даст оварда буданд. Лутфулло Алишон дар вазни 73кг ҷои дуюм, Бахтовар Пулодов дар вазни 49кг ва Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни 73кг ҷойҳои сеюмро сазовор гаштанд.

Хотиррасон менамоем, ки дар мусобиқаи дигари байналмилалӣ дар шаҳри Қизилордаи Қазоқистон Самад Амиршоев дар вазни 33кг медали биринҷӣ ба даст оварда буд.

Май 14, 2019 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт
Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» таъйин гардид
Ба дастаи «Сардор» медалҳои нуқраи Лигаи якуми Тоҷикистон-2025 супорида шуданд
Мутахассиси шинохтаи футболи тоҷик Шариф Назаров дар 80-солагӣ аз олам даргузашт