Ташаккули фоизи қарзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 2, 2019 16:08

ДУШАНБЕ, 02.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми қарзҳои аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳибкорон  ва аҳолӣ додашуда дар моҳҳои январ-марти соли равон дар ҷумҳурӣ тақрибан 2 миллиард сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 508 миллион сомонӣ афзудааст. Фоизи миёнавазни қарзҳо дар моҳҳои январ-марти соли 2019 бо пули миллӣ 25,6 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 15,7 фоизро ташкил намуд. Ин матлаб  дар ҷаласае, ки дар ҳузури муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон /БМТ/ Лола Салимова оид ба  масъалаи  ташаккули фоизи қарзҳо дар ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, баён шуд. Мавриди  зикр аст, ки Л. Салимова ҳамзамон роҳбари Гурӯҳи корӣ «Оид ба идомаи фаъолият дар самти муайян кардани арзиши қарз дар ташкилотҳои қарзӣ» аст,

Дар ҷаласа натиҷаи тадқиқоти мушовири байналмилалӣ Бертрам Зоннтаг, ки вобаста ба масъалаҳои ташаккули фоизи қарзҳои ташкилотҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар асоси маълумоти ташкилотҳои қарзӣ  гузаронидааст, таҳлилу баррасӣ гардид. Вай  зарурати ба роҳ мондани сиёсати фоизии дуруст аз ҷониби ташкилотҳои қарзиро, ки он ба рушди муносибатҳо бо бахшҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар алоқаманд  аст, таҳлил карда, оид ба усулҳои татбиқи ҳисобкунии фоизӣ тибқи таҷрибаи байналмилалӣ дар рӯнамои худ ба иштирокчиён маълумоти муфассал манзур намуд.

Мутахассисони БМТ зикр намуданд, ки ҳисобкунии ҳассосияти талабот ба қарз, ки он чандирии талабот аз рӯи нарх, таносуби ҳаҷми қарзҳои додашуда ва амонатҳои ҷалбшударо ифода менамояд, аллакай татбиқ мегардад.

Инчунин аз ҷониби Гурӯҳи корӣ оид ба омилҳои таъсиррасон ба арзиши аслии қарз, ки ҳангоми гузаронидани тадқиқот муайян гардидааст, ба ташкилотҳои қарзӣ тавсияҳои мушаххас дода шуд.

Зимни машварат дар баробари пешбурди сиёсати қарзӣ дар ташкилотҳои қарзӣ ва муайян кардани арзиши қарз, инчунин  марҳила ба марҳила вусъат ёфтани амалиёти амонативу қарзӣ таъкид карда шуд. Зикр гардид, ки аз рӯи  нишондиҳандаҳои оморӣ, соли 2018 ҳаҷми қарзҳои додашуда ба 8,2 млрд. сомонӣ расида, нисбат ба ҳамин нишондиҳандаи соли 2017 –ум 500 миллион сомонӣ афзуд. Фоизи миёнавазни қарз соли гузашта бо пули миллӣ 26 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 17,2 фоизро ташкил намуд. Ин нишондиҳандаҳо бозгӯи онанд, ки ташкилотҳои қарзӣ фаъолияти худро барои афзун намудани дастрасии молиявӣ ба аҳолӣ ҷоннок намуда, саҳми худро баҳри рушди иқтисодиёт мегузоранд. Ин дар ҳолест, ки БМТ андешидани тадбирҳои амалиро барои татбиқи сиёсати дурусти фоизӣ дар низом ҳамчун омили таъсиррасони рушди иқтисодиёти кишвар идома медиҳад.

Май 2, 2019 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Эрон дар самти густариши ҳамкории саноатӣ ва тиҷоратӣ ба мувофиқа расиданд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ масъалаи пешгирии талафот ва истифодаи ғайриқонунии неруи барқ баррасӣ шуд
Ҷаласаи муштараки гурӯҳи корӣ ва муколамаи миллии сиёсӣ оид ба идоракунии захираҳои об баргузор гардид
Ҳаҷми гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Эрон 483,9 миллион доллари амрикоиро ташкил дод
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд дар самти рақамикунонии фаъолияти гумрукӣ ҳамкориро густариш медиҳад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳияи Ёвон шинос гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Узбекистон баргузор шуд
Байни Тоҷикистон ва Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ барои бунёди хати интиқоли барқ дар Тоҷикистон Созишномаи молиявии грантӣ ба имзо расид
Вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар Хатлон дар беш аз 64 ҳазор гектар тухмгузории малахи марокашӣ ба қайд гирифта шудааст
Ба иқтисоди Тоҷикистон соли 2025 қариб 7 миллиард доллар сармояи хориҷӣ ворид гардид