ТОҶИКИСТОН АЗ РӮИ АФЗОИШИ ШУМОРАИ САЙЁҲОН ДАР ҶАҲОН ҶОЙИ АВВАЛРО ИШҒОЛ КАРД! Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, соли 2018 теъдоди сайёҳоне, ки аз кишвари мо дидан намуданд, 190 фоиз афзудааст
ДУШАНБЕ, 30.05.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар раддабандии афзоиши сафари сайёҳӣ аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) ҷойи аввалро ишғол намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Сипутник» хабар медиҳад.
Аз рӯи раддабандӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар афзоиши сафари сайёҳон ба қайд гирифта шудааст. Сафари сайёҳон дар соли 2018-ум 190% афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин, дар рӯйхати аввали раддабандӣ Эквадор (афзоиши сафари сайёҳӣ 51%), Миср (36,8%), Тувалу (35,5%) ва Уганда (31,9%) қарор доранд.
Дар баробари ин, Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ 20 кишвари аз ҳама сафари сайёҳиашон бештарро дар раддабандӣ муаррифӣ намудааст. Дар панҷгонаи аввали раддабандӣ Фаронса (93,2 миллион сайёҳ), Испания (82,8 млн.), ИМА (82,2 млн.), Чин (62,9 млн.) ва Италия (62,1 млн.) ҷойгиранд.
Россия дар 20-гона мақоми 16-умро ишғол мекунад. Соли 2019 ба Россия 24,6 миллион сайёҳ сафар кардаанд.








Мутахасисони Тоҷикистон дар Чин бо навовариҳои соҳаи пахтакорӣ шинос шуданд
Натиҷаҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Таиланд муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон ҷаласаи 46-уми Шурои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ доир шуд
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ масъалаҳои зеҳни сунъӣ ва амнияти рақамӣ баррасӣ шуданд
Ҳамкории стратегӣ дар самти ҷалби сармоягузории устувор ва маблағгузории иқлимӣ тақвият меёбад
Намояндаи Бонки миллии Тоҷикистон дар ҷаласаи роҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид






