Тоҷикистон ва Словакия дар Вена иҷлоси муштаракеро роҷеъ ба раванди «Муколамаи сохторӣ»-и САҲА доир намуданд
ДУШАНБЕ, 30.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи САҲА дар Вена 29 май иҷлоси муштараки Форуми ҳамкории амниятии САҲА (FSC) ва Шӯрои доимӣ бахшида ба раванди «Муколамаи сохторӣ» баргузор гардид. Иҷлоси муштараки ду ниҳоди тасмимгирандаи САҲА бо ибтикори Раёсати FSC – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати амалкунандаи САҲА – Ҷумҳурии Словакия сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳамоишро бо суханони ифтитоҳӣ раиси FSC, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар САҲА Идибек Қаландар ва раиси Шӯрои доимӣ, Намояндаи доимии Словакия дар САҲА Радомир Боҳач ҳусни оғоз бахшиданд.
Ба сифати суханвари калидӣ Раиси Гурӯҳи ғайрирасмии корӣ оид ба муколамаи сохторӣ, Намояндаи доимии Нидерланд дар назди САҲА Йерун Бундер роҷеъ ба натиҷаҳои Иҷлоси 8-уми гурӯҳи кории мазкур, ки 6-7 майи соли 2019 дар шаҳри Вена баргузор гардид, гузориш дод.
Дар рафти муҳокимарониҳои умумӣ ҳайатҳои кишварҳои ширкаткунандаи САҲА омодагӣ изҳор карданд, ки раванди минбаъдаи «муколамаи сохторӣ»-и Созмонро ба мақсади тавсеаи шаффофият ва пешбинипазирӣ дар бахши низомӣ-сиёсӣ дастгирӣ хоҳанд кард.
Намояндагони кишварҳо ба зарурати идомаи муколамаи ҷорӣ миёни мансабдорони сатҳи баланди бахши низомӣ ҷиҳати расидан ба созишҳои амалӣ таъкид карданд.
Мавриди тазаккур аст, ки раванди «Муколамаи сохторӣ» зимни нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА соли 2016 дар шаҳри Ҳамбург мувофиқа ва оғоз шуда буд.
Зарурати роҳандозии «Муколамаи сохторӣ» роҷеъ ба чолишҳо ва таҳдидҳои мавҷуда ва ояндаи амниятӣ дар паҳнои САҲА дар изҳороти вазирони корҳои хориҷии САҲА таҳти унвони «Аз Лиссабон то Ҳамбург» ба таври возеҳ бозтоб шудааст.
Интизор меравад, ки раванди «Муколамаи сохторӣ» фаъолияти кунунии САҲА-ро дар баррасии доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши низомӣ-сиёсӣ, аз ҷумла масъалаҳои мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҷиноятҳои фаромиллӣ, интишори маводи ҳаставӣ ва ғайра пурратар хоҳад кард.








Ҳайати Тоҷикистон дар Женева оид ба раванди иҷрои муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гузориш пешниҳод намуд
Дар Женева 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо тантана ҷашн гирифт
Намояндаи Тоҷикистон дар амалиёти байналмилалии зидди маводи мухаддири Созмони ҳамкории Шанхай «Тор» иштирок намуд
Дар Анқара ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид
Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ: 35 соли дӯстӣ ба сӯи шарикии оянда
ТОҶИКИСТОН ВА КОРЕЯ — ДАР МАСИРИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ БАЙНИДАВЛАТӢ. Сафари расмӣ бо натиҷаҳои арзишманд
Сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон бо роҳбари Маркази энергияи тозаи Созмони ҳамкории иқтисодӣ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодию молиявии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо губернатори Маномаи Подшоҳии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат намоишгоҳи фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд






