«ҲУНАР ВА ҲУНАРВАРӢ ДАР МИСОЛИ ЧАКАН». Таҳти ин унвон имрӯз дар Душанбе ҳамоиши илмӣ-назариявӣ баргузор гардид

Май 3, 2019 15:03

ДУШАНБЕ, 03.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии «ДушанбеПлаза»  ҷиҳати ба Феҳрасти мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардидани чакан  таҳти унвони «Ҳунар ва ҳунарварӣ дар мисоли чакан»  ҳамоиши илмӣназариявӣ  баргузор гардид. Дар ҳамоиш муовини Раиси  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон   Раънохон Бобоҷониён, Раиси  КИ   ҲХДТ  дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода, намояндагони ҲХДТ дар ноҳияҳои пойтахт, вазорату кумитаҳо ва  воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ  иштирок намуданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, пеш аз оғози ҳамоиши илмӣ –назариявӣ намунаи  либосҳои чакан аз ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон   барои тамошо гузошта шуданд.

Ҳамоишро раиси Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Зоир Раҳмонзода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла, зикр кард, ки «соли 2018 идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид – ЮНЕСКО дар иҷлосияи солонаи худ, ки дар шаҳри Порт-Луиси Ҷумҳурии Маврикий баргузор гардид, яке аз навъҳои   гулдӯзии қадимии  тоҷикон-«чакан»-ро ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил кард.

 Дар муаррифии ин ҳунари қадимӣ дар   сомонаи ин ташкилоти бонуфуз чунин омадааст: «Чакан як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ аст, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст. Дар вилояти Хатлони Тоҷикистон чакан як ҷузъи муҳими либоси арӯсу домод ба шумор меравад. Дар инҷо домодҳо тоқии худро бо гулдӯзиҳои чакан оро медиҳанд ва занону духтарон дар рӯзҳои тӯй ва иду маросим куртаву поҷомаи чакан ба тан мекунанд. Санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст».

-Мо, аъзои фаъоли ҲХДТ ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил  гардидани чаканро дар Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки ин иқдом бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  эълон гардид, чун эътирофу эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба фарҳанги бойи халқи тоҷик  маънидод менамоем, — афзуд З.Раҳмонзода

Дар ҳамоиш Раънохон Бобоҷониён  зикр кард, ки  «бо шарофати пешниҳодҳои хирадмандонаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон анъанаи пешиниён, ҳунари чандҳазорсолаи мо-чакандӯзӣ аз нав эҳё гардид.  Нақшу нигоре, ки дар чакан инъикос гардидааст, ҷаҳон- ҷаҳон маънӣ дорад.  Пироҳани чакан рамзи рангорангии ҳаёт, хушиҳои зиндагӣ буда, дар он гўё гулҳои гуногуни табиати зинда бо таровати хосса ва хеле назаррабо ҷилва медиҳанд».

Номбурда таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоишро ба сӯи як гурӯҳ бонувоне, ки  дар тан  пероҳани зебои чакан доштанд, ҷалб намуда, гуфт: «Ана, ба ин бонувони чаканпӯш  бингаред! Магар аз чунин зебоӣ чашм кандан мумкин аст? Бонувони тоҷик бо дастони мӯъҷизаофар ва тахайюлоти рангин маҳсулоте меофаранд, ки онро метавон як асари эҷодӣ номид».

Сипас дар ҳамоиш  намояндаҳои вазоратҳои фарҳанг, саноат ва технологияҳои нав, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,  рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи кор бо занон ва оила, роҳбари Ассотсиатсияи ҳунармандони Осиёи Миёна,  Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба корҳои ЮНЕСКО дар мавзӯъҳои — «Ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО  ворид гардидани чакан», «Имкониятҳо, мушкилот дар рушду нумуи ҳунари гулдӯзӣ, аз қабили чакан», «Арзишҳои миллӣ ва рушду нумуи ҳунари гулдӯзӣ дар мисоли либоси миллии чакан», «Таъмин намудани косибон  бо  ашёи хоми ватанӣ», «Дифои анъана, маросим ва урфу одоби чакан», «Ҳамкорӣ бо косибони касбӣ, касбомӯзӣ, ба талабот ва стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ будани касб» «Роҳ ёфтани косибон ва ҳунармандони маҳаллӣ ба бозорҳои ҷаҳонӣ»  маърӯза намуданд.

Иштирокдорони ҳамоиш зимни  музокираи ин масъалаҳо   ҷиҳати рушди чакан ва дигар ҳунарҳои мардумӣ пешниҳодҳои муфид намуданд.

Ҳамзамон зикр гардид, ки алҳол бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ масъалаи ба Донишгоҳи соҳибкорӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ табдил додани Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат мавриди баррасӣ қарор дорад.

Хамчунин  бо супориши Сарвари давлат бо мақсади таъмини ҳунармандон бо ашёи хоми ватанӣ  дар  Вазорати саноат ва технологияҳои нав  бо иштироки дигар сохторҳои марбута масъалаи аз нимаи дуюми соли равон  манъ намудани содироти нахи пахта, пилла, пӯст ва пашм баррасӣ мегарданд.

Таъкид шуд, ки аз рӯи маърӯзаҳои пешниҳодшуда муроҷиатномаи иштирокдорони ҳамоиши илмӣ-назариявӣ қабул гардида, ба Раёсати  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ирсол мегардад.

 Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

Май 3, 2019 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид