Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Бейбут Атамқулов: «Қазоқистон ва Тоҷикистон мубодилаи молро то ба 1 миллиард доллар мерасонанд»

Май 18, 2019 13:35

ДУШАНБЕ, 18.05.2019/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон Вазири  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон  Бейбут Атамқуловро  ба ҳузур пазируфт.

Тавре  хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Вазири корҳои  хориҷии Қазоқистон зимни натиҷагирӣ аз мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҷамъи хабарнигорон гуфт «дар мулоқот  бо Президенти Тоҷикистон масъалаҳои ҳамкории  дуҷониба ва тақвияти робитаҳои минтақавӣ  баррасӣ гардиданд».

Ҷонибхо муҳиммияти  таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро матраҳ намуда, таъкид сохтанд, ки дар ин самт имконият ва иқтидорҳои бузург вуҷуд доранд, ки истифодаи он ба манфиати ҳар ду давлат аст.

Бейбут Атамқулов зикр кард, ки  «соли 2018  гардиши мол байни Қазоқистон ва Тоҷикистон  840  миллион доллари амрикоиро ташкил дод  ва ин нишондодро мо дар соли равон ба   1 миллиард доллар расониданием».

Ҳамзамон бо дахли тақвияти равобити мутақобилан судманди  Қазоқистон ва Тоҷикистон Бейбут Атамқулов изҳор дошт, ки    байни  вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду давлат дар масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамкории  самарбахш ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон миёни вазорату идораҳои марбутаи  Қазоқистон ва Тоҷикистон дар бахшҳои  нақлиёт, логистика,   фарҳанг ва гуманитарӣ робитаҳои судманд  роҳандозӣ гардидааст, ки дар тавсеаи муносиботи неки ду давлат нақши муассир мегузоранд.

Бояд тазаккур дод, ки Вазири  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазокистон Бейбут  Атамқулов ҷиҳати иштирок дар машварати 7-уми вазирони корҳои  хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ +Япония», ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, ба Тоҷикистон ташриф овардааст.

Май 18, 2019 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Гурҷистон доир гардид
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Гурҷистон
Музокироти расмии Тоҷикистону Гурҷистон баргузор шуд
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе дар пояи муҷассамаи асосгузори давлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Сарвазири Гурҷистон Ираклий Кобахидзе бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Идибек Қаландар бо намояндаи махсуси Раиси САҲА оид ба пешбурди муколама ва таҳкими эътимод мулоқот намуд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва рушди соҳаҳои эҷодӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Директори департаменти робитаҳои давлатӣ ва байналмилалии ширкати Caterpillar мулоқот намуд
Ҷалби сармоягузории Озарбойҷон ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тошканд вохӯрии дуюми масъулини аршади Саммити «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» доир гардид
Сафири Тоҷикистон бо Директори генералии Иттиҳодияи осорхонаҳои Австрия мулоқот намуд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми байналмиллалии сармоягузории Тошканд иштирок намуд