Вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Шойгу ба Тоҷикистон меояд

Май 17, 2019 13:30

ДУШАНБЕ, 17.05.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар назар аст, ки охири моҳи майи соли равон Вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Шойгу бо сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф биёрад.

Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни сафари кории Вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Шойгу як зумра  мулоқотҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ба нақша гирифта шудаанд.

Интизор меравад, ки дар мулоқоти Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо  бо  Вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Шойгу масъалаҳои таҷрибаомӯзӣ,  омода намудани кадрҳои баландихтисос ва мавзӯъҳои марбут ба соҳаи низомӣ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд  гирифт.

Май 17, 2019 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад