Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯёни тоҷики шаҳри Ставропол мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 07.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи баргузории III Фестивали байналмилалии «Баҳори донишҷӯёни давлатҳои аъзои БРИКС ва СҲШ» дар шаҳри Ставрополи Федератсияи Россия Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода бо донишҷӯёни тоҷик, ки дар мактабҳои олии ин шаҳр таҳсил мекунанд, мулоқот анҷом дод.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» Холисаи АСОМИДДИН аз шаҳри Ставропол иттилоъ медиҳад, дар ин мулоқот донишҷӯёни тоҷик аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд.
Зикр гардид, ки бо дастгириҳои пайвастаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шумораи донишҷӯёни тоҷик, ки дар хориҷи ҷумҳурӣ таҳсил мекунад, ба таври назаррас афзуд.
«Имрӯз зиёда аз 20 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия таҳсил мекунанд ва умед аст, ки ҳар яки онҳо, аз ҷумла шумоён дар оянда мутаххасиси хуб шуда, ба Ватан содиқона хизмат менамоед», — иброз дошт Аҳтам Абдуллозода.
Мавсуф дар баробари ин аз таҳдиду хатарҳои замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм ёдовар шуда, ҷавононро ба хониши хуб, дур будан аз чунин зуҳуроти номатлуб ва муҳимтар аз ҳама, садоқат ба миллат ва хизмат ба халқу Ватан даъват кард.
Аҳтам Абдуллозода ҳамчунин гуфт: «Аз ҷониби Ҳукумат роҳандозӣ гардидани як зумра роҳҳои ҳавасмандгардонии ҷавонон, ба монанди стипендияи президентӣ, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, стипендияи байналмилалии «Дурахшандагон», квотаҳои президентӣ, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, ҷавонкунонии сиёсати кадрӣ ва ба зинаҳои роҳбарикунанда таъйин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд аз таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон дарак медиҳад».
Донишҷӯён дар навбати худ барои дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат нисбат ба ҷавонон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






