ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон 37 маркази нави саломатӣ бунёд карда истодааст

Июнь 11, 2019 19:52

ДУШАНБЕ, 11.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи сохторҳои байналмилалӣ аз ҷумла, Бонки ҷаҳонӣ ҳамкории судманд ба роҳ монд. Дар ин давра бо дастгирии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар самтҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту роҳ, тандурустӣ, кишоварзӣ, пешгирии офатҳои табиӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок дар мамлакат корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Бояд гуфт, ки  айни ҳол бо дастгирии ин ташкилоти бонуфузи молиявӣ дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди  сармоягузории давлатӣ дар соҳаҳои гуногун  татбиқ гардида истодаанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар робита ба татбиқшавии лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» ва механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият (МАНФ) дар Тоҷикистон бо мутахассиси Бонки ҷаҳонӣ оид ба тибби ҷамъиятӣ хонум Кейт Мандевилл ҳамсуҳбат шуд.

АМИТ «Ховар»: Қаблан мехостем дар бораи лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» каме маълумот диҳед.  Натиҷаҳои татбиқи  лоиҳаи мазкурро чӣ гуна баҳо медиҳед ва кадом беҳбудиҳои мушаххасро шумо дар ноҳия ё минтақаҳои зерҳадаф (таҷрибавӣ) метавонед зикр намоед?

 Кейт Мандевилл: Лоиҳа ба натиҷаҳои хеле хуб муваффақ шудааст. Феълан  дар доираи лоиҳа 37 маркази нави саломатии деҳот дар саросари мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияҳои Фархор, Ёвон, Ҷалолиддини Румӣ, Данғара, Деваштич, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Файзобод ва Ишкошим бунёд шуда истодаанд. Зиёда аз 10 ҳазор корманди тиб омӯзонида шуданд, аз он ҷумла оид ба масъалаҳои нигоҳубини самарабахши модарон, кӯдакон ва калонсолоне, ки фишори баланд доранд. Ҳиссаи занҳои ҳомиладоре, ки духтури табобатӣ мунтазам ба онҳо ҳангоми ҳомиладорӣ кӯмаки тиббӣ мерасонид ва он раванди ҳомиладорӣ ва таваллудро нисбатан бехатар мекунад, дар ноҳияҳои лоиҳавӣ тақрибан 100 фоизро ташкил медиҳад. Сифати кӯмаки тиббии дар муассисаҳои лоиҳа расонида ба ҳисоби миёна ба зиёда аз 20 фоиз дар марказҳои саломатии деҳот ва ба зиёда аз 30 фоиз дар бунгоҳҳои саломатӣ беҳтар гардид. Дар маҷмуъ, зиёда аз як миллион нафар ё 14 фоизи аҳолии Тоҷикистон, бахусус занҳо ва кӯдакон аз фаъолияти лоиҳа манфиат бардоштанд.

Бонки ҷаҳонӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими соҳаи тандурустӣ барои аҳолии Тоҷикистон дар давоми зиёда аз 25 сол ҳамкорӣ доранд. Лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» мисоли хубест оид ба  ин ҳамкорӣ, ки дар беҳтар намудани хизматрасонӣ дар самти кӯмаки аввалияи тиббӣ, бахусус дар минтақаҳои деҳот кӯмак мерасонад. Он аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ ва Фонди мақсадноки натиҷаҳои инноватсионӣ дар соҳаи тандурустӣ ба маблағи 33 миллион  доллари ИМА маблағгузорӣ мешавад ва аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

Бо омӯзонидани кормандони тиб, сохтмон ва ҷиҳозонидани муассисаҳои тиббӣ ва аз ҳама муҳим, бо пешниҳоди тавсияҳои мушаххас ва ҳавасмандгардонии пулии кормандони соҳаи тандурустӣ ҷиҳати расидан ба натиҷаҳои беҳтар тавассути равиши «маблағгузории натиҷаи фаъолият», лоиҳа ба боло бурдани сатҳи фарогирӣ ва сифати хизматрасониҳои асосии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ нигаронида шудааст.

Бо дар назардошти он, ки зиёда аз 75 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд, муҳим аст, ки хизматрасониҳои тиббии босифат дар муассисаҳои тандурустии деҳот пешниҳод гарданд, то ки мардум ба марказҳои саломатӣ ё беморхонаҳои ноҳиявӣ барои кӯмаки тиббии босифат зиёд муроҷиат накунанд.

АМИТ «Ховар»: Мо медонем, ки механизми маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият (МАНФ) дар доираи лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» (ЛБХТ) ҷорӣ гардид: МАНФ механизми беназири маблағгузорӣ маҳсуб меёбад, ки дар кишварҳои зиёд бомуваффақият ҷорӣ шудааст. Хоҳиш мекунем, ба таври мухтасар дар бораи МАНФ маълумот диҳед.

Кейт Мандевилл: Механизми ба истилоҳ «маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият» (МАНФ) бо мақсади ҳавасмандгардонии кормандони муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ барои фаъолияти хуби онҳо истифода мешавад. Аммо танҳо пас аз тасдиқ намудани он ки ба ҳадафҳои пешакӣ ҳамоҳангшуда аз ҷониби онҳо ноил шудаанд, кормандони мазкур бо маблағи пулӣ ҳавасманд гардонида мешаванд. Натиҷаҳое, ки муассисаҳои тиббӣ пешниҳод мекунанд, пеш аз гирифтани пардохтҳои ҳамасмандгардонӣ ҳар семоҳа мавриди санҷиш ва баррасии бодиққат қарор дода мешаванд.

МАНФ барои беҳтар намудани сифати кӯмаки тиббию санитарӣ кормандонро ҳавасманд мекунад. Ин як воситаест барои ҳавасмандкунии кормандони клиникие, ки ба таври истисноӣ зиёд меҳнат мекунанд  ва ба беморон кӯмаки беҳтар ва бештар пешниҳод мекунанд. Ин барои кишварҳое, ки музди миёнаи меҳнати кормандони бахши давлатӣ нисбатан паст аст, аҳамияти хоса дорад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур, 450 муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар даҳ ноҳияи вилояти Хатлон ва Суғд, аз ҷумла ноҳияҳои Деваштич, Ҷ. Расулов, Масчоҳ, Спитамен, Ҷ. Балхӣ, Қубодиён, Фархор, Ёвон, Данғара ва Файзобод механизми МАНФ-ро татбиқ мекунанд. 70% мукофотпулие, ки муассиса гирифтааст, метавон ҳамчун пардохт ба кормандони тиб тақсим кард ва 30% онро менеҷерҳо метавонанд барои беҳтар намудани шароити муассиса, масалан барои гузаронидани таъмири хурд ё хариди доруворӣ ва таҷҳизоти зарурӣ, истифода баранд.

АМИТ «Ховар»: Чанд вақт пеш Бонки ҷаҳонӣ арзёбии таъсири МАНФ-ро дар Тоҷикистон ба итмом расонид. Метавонед дар бораи натиҷаҳои арзёбии мазкур ба мо каме маълумот диҳед?

Кейт Мандевилл: Бале, арзёбӣ аз ҷониби мо гузаронида шуд ва дар он арзёбӣ натиҷаҳои ба дастомада дар ноҳияҳои лоиҳавие, ки равиши «Маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият» ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ гардид, бо ноҳияҳое, ки МАНФ-ро дар кишвар истифода намебаранд, муқоиса карда шуданд.  Мо ба марказҳои саломатии деҳот, бунгоҳҳои саломатӣ ва оилаҳои ин ноҳияҳо то оғози ҷорисозии таҷрибавии МАНФ ва дубора пас аз се сол ташриф овардем.

Натиҷаҳо беҳбудии назаррасро дар ҷанбаҳои зиёди сифати кӯмаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳое, ки МАНФ ба таври таҷрибавӣ ҷорӣ гардид, нишон доданд. Масалан, ҳиссаи муассисаҳои дорои шабакаи оби нӯшиданӣ бо ҷорӣ намудани механизми МАНФ тақрибан ба панҷяк афзоиш ёфт. Муассисаҳои баҳрабарандаи МАНФ ба таҷҳизот ва доруворӣ низ нисбат ба муассисаҳои бе МАНФ дастрасии бештар доштанд. Кормандони муассисаҳои баҳрабарандаи МАНФ бо эҳтимолияти бештар кӯмаки нисбатан босифатро пешниҳод мекунанд, масалан, санҷидани фишори хун дар беморони дорои фишори баланди хун. Маълум шуд, ки ҳамшираҳо ва духтурони кӯмаки аввалияи тиббӣ аз кори худ бештар қаноатманд буданд. Оилаҳо болоравии сифати кӯмаки тиббиро мушоҳида намуда, зикр карданд, ки марказҳои саломатии деҳот дар ҳамкории зич бо аҳолии маҳаллӣ фаъолият мекунанд ва дорои кормандони соҳибихтисос мебошанд.

Умуман, натиҷаҳо дар Тоҷикистон бо таҷрибаи дигар кишварҳои дорои МАНФ монанд мебошанд: сифати беҳтари кӯмаки тиббӣ дар ҳама ноҳияҳои таҷрибавӣ ба назар мерасад. Натиҷаҳо оид ба истифодаи кӯмаки тиббӣ бошад, мухталифанд. Дар ҳақиқат, Тоҷикистон дар байни кишварҳое, ки механизми МАНФ-ро ҷорӣ намуданд, яке аз натиҷаҳои беҳтаринро дар сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ноил гардид. Бо вуҷуди ин, фикр мекунам тадбирҳои иловагӣ барои ҳавасмандгардонии мардум ба истифодаи хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ зарур мебошанд.

АМИТ «Ховар»: Сабаби муваффақшавии механизми МАНФ дар баланд бардоштани сифати кӯмаки тиббӣ дар чист?

Кейт Мандевилл: Дар баробари он ки механизми МАНФ кормандони соҳаи тибро ба истифодаи малакаву дониши худ барои дастёбӣ ба натиҷаҳои бештар ҳавасманд мекунад, он дар беҳтар намудани сифати кӯмаки тиббию санитарӣ муваффақ шуд. Ғайр аз ин, чунин намуди маблағгузорӣ ба менеҷерҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, сардухтурони марказҳои саломатӣ имкон дод, ки дар хариди маводҳое, ки барои пешниҳоди хизматрасонии тиббӣ заруранд, мустақил бошанд. Ниҳоят, азбаски буҷети ба кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ҷудошуда дар Тоҷикистон кофӣ нест, механизми мазкур захираҳои умумиро барои хизматрасониҳои афзалиятноки тиббӣ афзоиш медиҳад.

АМИТ «Ховар»: Ба фикри шумо, ояндаи механизми МАНФ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст? Оё он дар дигар ноҳияҳои кишвар ҷорӣ карда мешавад?

Кейт Мандевилл: Айни замон, Ҳукумати Тоҷикистон роҳҳои маблағгузории кӯмаки аввалияи тиббиро тавассути ҷорӣ намудани маблағгузории сарикасӣ такмил дода истодааст. Ин маънои онро дорад, ки ба ҷои буҷети бетағйир ба ҳар як ноҳия акнун буҷети муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ вобаста аз шумораи аҳолие, ки ба он муассиса хизмат мерасонад пешниҳод мегардад. Ҳамин тавр, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббии дорои аҳолии бештар ё воқеъ дар минтақаи дурдаст барои муолиҷаи беморони худ маблағҳои бештарро дар ихтиёр хоҳанд дошт, ки он усули беҳтарин маҳсуб меёбад.

МАНФ-и таҷрибавӣ нишон дод, ки агар кормандони тиб бо маблағи пулӣ ҳавасманд гардонида шаванд сифати кӯмаки аввалияи тиббию санитариро барои беморон метавон беҳтар намуд. Умедворем, ки ислоҳоти маблағгузории кӯмаки аввалияи тиббӣ унсури ҳавасмандкунӣ дар асоси натиҷаи фаъолиятро хоҳад дошт, то ки таҷрибаи ҳавасмандкунии пулии он кормандоне, ки кӯмаки нисбатан босифат мерасонанд, идома дода шавад.

АМИТ «Ховар»: Барои соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки умумиҷаҳонӣ чӣ нақшаҳо дорад?

Кейт Мандевилл: Азбаски дар доираи лоиҳаи «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ» натиҷаҳои мусбат ба даст омадаанд, мо идомадиҳии лоиҳаро дар самти солимии кӯдакон, мавриди баррасӣ қарор додаем.

Тоҷикистон дорои аҳолии аз ҳама ҷавон ва бо суръат рушдёбанда дар Осиёи Марказӣ мебошад, аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба солимии кӯдакон ва ҷавонон аҳамияти бузург дорад.

Индекси Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба сармояи инсон нишон медиҳад, ки маҳсулнокии меҳнати кӯдаки имрӯз дар Тоҷикистон таваллудшуда ҳангоми расидан ба синни балоғат 53 фоизро аз сатҳи эҳтимолӣ ташкил медиҳад, ки он дар сурати ба даст овардани маълумоти пурра ва саломатии мукаммал, имконпазир мебошад. Ин маънои онро дорад, ки барои таъмини инкишофи солими кӯдакон, соҳибмаълумот намудани онҳо ва таъмини маҳсулнокӣ барои дар оянда рақобатпазир будан ва ба муваффақият ноил гардани онҳо, корҳои бештареро бояд анҷом дод. Далелҳои қатъии дар кишварҳои ҷаҳон мавҷудбуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки сармоягузорӣ дар солҳои аввалини зиндагии кӯдакон яке аз сармоягузориҳои самарабахштарине мебошанд, ки кишвар метавонад баҳри шукуфоии оянда равона созад. Бинобар ин, мо бо Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи наверо оид ба инкишофи бармаҳалли кӯдак таҳия намуда истодаем.

Ба қарибӣ Гуруҳи Бонки умумиҷаҳонӣ ва Тоҷикистон стратегияи нави ҳамкориро барои солҳои 2019-2023 роҳандозӣ намуданд, ки диққати он дар баробари дигар масъалаҳо, ба таъмини сармоягузорӣ ба сармояи инсон равона мегардад. Гуруҳи Бонки умумиҷаҳонӣ ҷонибдори идомадиҳии дастгирии кишвар мебошад, зеро он кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки зиндагии мардумро беҳтар намуда, талаботи аҳолии ҷавон ва афзоишёбандаи худро қонеъ созад.

 

Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Июнь 11, 2019 19:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пиетро Салини: «Дар Италия бисёр ширкатҳое ҳастанд, ки мехоҳанд бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд»
Тоҷикистон ва Фаронса ҳамкории саноатиро тақвият медиҳанд
Соҳибкорони Тоҷикистон ва Италия ба маблағи зиёда аз 160 миллион доллари амрикоӣ санадҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе аз 3 то 5 май Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ баргузор мегардад
Байни Тоҷикистон ва Италия дар соҳаҳои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ва саноату технологияҳои нав созишномаҳо ба имзо расиданд
БАТР барои намояндагони бахши молиявии Тоҷикистон даври нахустини дарсҳои маҳорат ташкил намуд
Дар 173 ҳазору 835 гектар майдони корхонаҳои кишоварзӣ ва хоҷагиҳои деҳқонии Суғд кишти баҳорӣ гузаронида мешавад
Соли 2024 дар Тоҷикистон 5 лоиҳа дар соҳаи роҳу нақлиёт татбиқ карда мешавад
Тоҷикистон ва Хазинаи Авруосиёии субот ва рушд лоиҳаи тавсеаи буҷети барномавиро оғоз менамоянд
Ширкатҳои Ҳиндустон ба истеҳсоли молу маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон изҳори ҳавасмандӣ намуданд
Имрӯз дар Бангкок ҷаласаи вазирони Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон гузариши транзитии мошинҳои боркашро осон менамоянд