ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. То ҷашни Ваҳдати миллӣ қисмати аввали роҳи марказии ноҳияи Нуробод ба истифода дода мешавад
НУРОБОД, 12.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашнҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Нуробод мумфаршкунии кӯчаи марказии шаҳраки Дарбанд дар масофаи 1120 метр оғоз гардид.
Барои сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун» 4 миллиону 700 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, корҳои сохтмониро ширкати «Нуробод — лоиҳа» ба сомон мерасонад.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд хабар медиҳад, дар оғози ин амали нек роҳбарияти ноҳия, меҳмонон, собиқадорон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия ширкат варзиданд.
Тавре директори ширкати сохтмонии «Нуробод — лоиҳа» Хуршед Собиров иброз дошт, «дар доираи ин лоиҳа дар масофаи 2240 метр чароғонкунию сафолакпӯшонии роҳравҳо ва иваз намудани новаҳои обрави роҳро амалӣ менамоем. Қисмати аввали сохтмони роҳи марказии ноҳияро дар арафаи ҷашни 22 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки меҳмонони олиқадр ба истифода медиҳем».
Ёдовар мешавем, ки дар доираи ҳидоятҳои созандаи Асозгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар ноҳияи Нуробод корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни таърихии мамлакат — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бомаром идома дошта, роҳбарияти ноҳия азм доранд, ки дар ҳар ҷамоати деҳот иншооти таъйиноти гуногун, аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, китобхона ва ғайраҳоро бунёд намуда, барои некуаҳволии мардум шароит фароҳам оранд.








Дар Панҷакент коргоҳи коркарди қуму шағал ва истеҳсоли бетон ба истифода дода шуд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниидоравӣ оид ба таъмини бехатарии авиатсионӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Масқат 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид
Намояндагони «Тоҷикаэронавигатсия» бо раванди таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар Академияи давлатии авиатсияи Беларус шинос гардиданд
Дар Душанбе ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ доир шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Кӯлоб шинос гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи кишварҳои аъзои ИДМ дар Минск доир шуд
Дар Тошканд чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Лондон масъалаҳо оид ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон баррасӣ гардиданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ ДАР АМНИЯТИ КИБЕРӢ. Андешаҳо оид ба имконот ва таъсири он ба мудофиаи киберӣ
Дар Душанбе ҷаласаҳои муштараки соҳаи алоқаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегарданд
Дар мавзуи «Портали ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ ва ҳукумати электронӣ» ҳамоиш доир шуд






