ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. То ҷашни Ваҳдати миллӣ қисмати аввали роҳи марказии ноҳияи Нуробод ба истифода дода мешавад

Июнь 12, 2019 14:42

НУРОБОД, 12.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашнҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ дар ноҳияи Нуробод мумфаршкунии  кӯчаи марказии шаҳраки Дарбанд  дар масофаи 1120 метр  оғоз  гардид.

Барои сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО-и Роғун» 4 миллиону 700  ҳазор сомонӣ ҷудо  гардида, корҳои сохтмониро ширкати  «Нуробод — лоиҳа» ба сомон  мерасонад.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд хабар медиҳад,  дар оғози ин амали нек роҳбарияти ноҳия, меҳмонон, собиқадорон ва аҳли ҷамоатчигии ноҳия ширкат варзиданд.

Тавре директори ширкати сохтмонии «Нуробод — лоиҳа» Хуршед Собиров иброз дошт, «дар доираи ин лоиҳа дар масофаи 2240 метр  чароғонкунию сафолакпӯшонии роҳравҳо ва иваз намудани новаҳои обрави роҳро  амалӣ  менамоем. Қисмати аввали сохтмони роҳи марказии ноҳияро дар арафаи ҷашни 22 — солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки меҳмонони олиқадр ба истифода медиҳем».

Ёдовар мешавем, ки  дар доираи ҳидоятҳои созандаи Асозгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо   дар ноҳияи Нуробод корҳои созандагию бунёдкорӣ  бахшида ба ҷашни таърихии мамлакат  — 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  бомаром идома дошта, роҳбарияти ноҳия азм доранд, ки дар  ҳар ҷамоати деҳот  иншооти  таъйиноти гуногун, аз ҷумла бунгоҳҳои тиббӣ, ҳаммом, сартарошхона, китобхона ва ғайраҳоро бунёд намуда,   барои некуаҳволии мардум шароит фароҳам оранд.

 

Июнь 12, 2019 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Ҳисор мумфаршкунии беш аз 3,5 километр роҳи автомобилгард оғоз гардид
Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад
820 иншооти гуногун ба маблағи беш аз 1 миллиард сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат ба истифода дода шуд
Дар Конибодом ҷамъоварии пахта ва кишти такрорӣ идома дорад
Дар сардхонаҳо ва анборхонаҳои Тоҷикистон 12 ҳазор тонна ғалладонагиҳо захира гардидаанд
Дар вилояти Суғд беш аз 33 фоизи нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро гардидааст
Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар Тоҷикистон имсол ангишт бештар истихроҷ гардидааст
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти паранда беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар вилояти Хатлон ҷамъоварии пахта 40,76 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад