Ҳаким Фузайлов аз сармураббигии дастаи «Истиқлол» озод гардид
ДУШАНБЕ 28.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. 27 июни соли равон сармураббии дастаи овозадори футболи «Истиқлол»-и Душанбе Ҳаким Фузайлов аз вазифааш барканор гардид. Ин амал бо хоҳиши Ҳ.Фузайлов сурат гирифта, ӯ бегоҳии 27-уми июни соли равон, пеш аз тамрини даста ба чунин хулоса омадааст.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд, роҳбарияти даста хоҳиши Ҳ.Фузайловро ба инобат гирифта, ӯро аз вазифаи ишғолнамудааш озод намуданд ва ба ӯ барои хизматҳои анҷомдодааш изҳори сипос намуданд. Номбурдаро дар ин мақом то анҷоми мавсим ёрдамчии ӯ Алишер Тӯхтаев иваз мекунад.
Лозим ба ёдоварист, ки сабаби аз вазифа рафтани Ҳ.Фузайлов ин аст, ки шоми 26-уми июни соли равон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозии марказӣ ва тақдирсози Ҷоми КФО-2019 дар гурӯҳи «D» байни дастаҳои футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Алтин Асир»-и Туркманистон баргузор шуда, бо ҳисоби мусовии 1:1 хотима ёфт.
Дастаи футболи «Алтин Асир»-и Туркманистон дар бозии мазкур бо ба даст овардани 10 имтиёз роҳи хешро ба даври навбатӣ рӯшан кард. Дастаи «Истиқлол»-и Тоҷикистон бошад соҳиби 8 имтиёз гардид, вале ба даври навбатӣ роҳ наёфт.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад






