«Аз ҳавои беғубори Ватан нафас кашидан беҳтарин давлату сарват будааст!». Изҳори пушаймонии сокини деҳаи Зафарободи ҷамоати деҳоти Ш. Гадоеви ноҳияи Тоҷикобод Амрулло Фозилов
ТОҶИКОБОД, 17.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар минтақаи Рашт дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохтори дахлдори ноҳия оид ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ –террористӣ бо иштироки аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон мулоқот доир гардид.
«Соли 2007 мактаби миёнаро хатм намуда, муддати 4 сол дар Федератсияи Россия кор мекардаму 1500 доллар маош мегирифтам. Зиндагии худамро дар Россия ва хонаводаамро дар Тоҷикистон пеш мебурдам, — иброз дошт сокини деҳаи Зафарободи ҷамоати деҳоти Ш. Гадоеви ноҳияи Тоҷикобод Амрулло Фозилов. — Аз чизе камбудӣ надоштам. Мутаассифона, яке аз рафиқонам- Анвариддин Худоёров тариқи сайтҳои иҷтимоӣ маро муддати 6 моҳ ба сафи гурӯҳҳои террористӣ даъват кард. Ман гумроҳ шуда, кори хубамро дар Россия партофта, бо роҳнамоию ёрдами рафиқам ва ҳамроҳонаш тавассути мамлакатҳои Туркия, Сурия ва Эрон ба хоки Афғонистон расидам. Вақте ба Афғонистон расидам, аллакай пушаймон шуда будам, вале роҳи бозгашт надоштам. Ба ман шаҳодатномаи афғонӣ доданду ба гурӯҳи толибон шомил намуданд. Маълум гардид, ки онҳо дар дасташон дар бораи ман барвақт маълумот дошта будаанд. Маро Илёс номи шахс пешвоз гирифту ба назди яке аз гурӯҳҳои толибон бурд. Вале аз сабаби он ки Анвариддин Худоёров «телех»-и кадом яке аз қумандонҳои толибон буд, бо ӯ хеле дер вохӯрдам. Баъди интизориҳои зиёд дидори Анвариддин ба ман муяссар гардид. Муддати 6 моҳ бо толибон, бо шиками гурусна аз ин масҷид ба он масҷид рафта, шабамонро рӯз мекардем. Он ҷо аз мусулмонӣ нишоне намедидам. Дар Афғонистон фақат даҳшати мусулмонкуширо медидаму халос. Тавре гуфтам, бо гузашти чанд моҳ бо Анвар вохӯрда наметавонистам. Баъдан бо исрори зиёд, ки ӯ маро ба ин ҷо даъват карда буду худам танҳо зиқ шудаам, ҷояшро ба ман нишон доданд. Вақте ба назди ӯ рафтам, Анвариддин аллакай дар кадоме аз аз муҳорибаҳо ҳарду пойяшро аз даст дода буд. Аз сабаби набудани табибону доруҳои лозима, захми пойҳои аз даст рафтаи ӯро дар фасли зимистон кирм зада буд. Ҳеҷ кас ба ӯ кӯмак намерасонд ва ҳатто аҳамият намедод. Танҳо ман ба ӯ ёрдам дода, кирмҳои захмҳояшро тоза мекардам. Ман пушаймонии худро ба ӯ гуфтам ва бо кумаки пулии Анвариддин, ки аз даъвати ман пушаймон шуда буд, бо роҳҳои пинҳонӣ аз онҷо гурехтам. Бо кумаки мақомоти Тоҷикистон ба Ватан баргаштам. Имкони гурехтан ба ман танҳо бо он сабаб муяссар гардид, ки дар ин гурӯҳи толибон бачаҳои тоҷик кам буданд. Агар дар гурӯҳе, ки тоҷикон бисёр бошанд, намегузоранд, ки гурезӣ. Агар нияти фирор кардан дошта бошӣ, ба хотири сиррашон фош нашудан, худашон нобудат мекунанд. Вақте бо онҳо ҳамроҳ шудӣ, дигар фирору дидори падару модар, зану фарзандро бояд фаромӯш кунӣ. Ё мемурӣ, ё ин ки бо онҳо мемонӣ. Он ҷо ба хубӣ дарк кардам, ки сари дастурхон бо аҳли оила нишастан, озодона зистан, аз ҳавои беғубори Ватан нафас кашидан беҳтарин давлату сарват будааст».
А.Фозилов ба ҷамъомадагон аз хотироти талхи худ нақл намуда, миннатдории хешро ба Сарвари давлат баён намуд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон авф шуд ва айни замон дар озодӣ умр ба сар мебарад.
Номбурда ҳамчунин иброз дошт, ки мубаллиғону намояндаҳои ин гурӯҳҳои террористӣ дар баробари ҷавонписарон, духтарони тоҷикро ҳам бо роҳи фиреб ба ин мамлакатҳои ҷангзада бурдаанд, ки бо чашмони сар азобу хорӣ ва машаққати бисёри ин занҳоро медидам.
Амрулло аз иштирокдорони ҷавони ин вохӯрӣ, ки онҳо зиёда аз 300 нафарро ташкил медоданд, инчунин аз ҳамаи ҷавони тоҷик даъват намуд, ки ба ваъдаҳои дурӯғи хеҷ кас бовар накунанду ба доми онҳо гирифтор нашаванд ва ҳаёти худу наздиконашонро зери хатар нагузоранд. Шукронаи тинҷию сулҳу суботи Тоҷикистони осоиштаро намуда, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.
Тибқи иттилои масъулини Раёсати КДАМ дар минтақа ва ноҳияи Рашт дар соли 2018 ва 2019 дар минтақаи мазкур панҷ гурӯҳи террористӣ ошкор гардида, нисбат ба амалҳои ғайриқонунии онҳо сари вақт чораҳои зарурӣ андешида шуд. Роҳбарону аъзои ин гурӯҳҳои ифротӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ аз роҳбарони хориҷии худ нисбат ба анҷом додани амалҳои террористӣ фармон гирифта, мехостанд дар ояндаи наздик онҳоро амалӣ намоянд. Хушбахтона, ин сияҳкорон ба ниятҳои нопоки худ нарасида дастгир шуданд, яъне чоҳканон зери чоҳ шуданд.








Ҳайати Тоҷикистон дар амалиёти зерминтақавии зиддимухадиротии СААД дар вилояти Калинингради Русия иштирок намуд
Дар шоҳроҳи Душанбе — Кӯлоб — Хоруғ бар асари садамаи нақлиётӣ 11 нафар ба ҳалокат расид
Як гурӯҳ модарон бо шароити хизмати ҳарбии сарбозони яке аз қисми низомӣ дар ноҳияи Данғара шинос шуданд
ЧАРО ҲОЛАТҲОИ ҒАРҚШАВӢ КАМ НАМЕШАВАНД? Мутахассисон риояи қоидаҳои бехатариро омили асосии пешгирии ҳодисаҳои нохуш медонанд
Дар Вазорати мудофиа оид ба саҳми Артиши миллӣ дар таҳкими сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ҳамоиш доир шуд
«Ҳифзи суботу оромии кишвар масъулияти ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад», — бардошт аз ҳамоиш дар мақомоти милитсияи пойтахт
Дар Прокуратураи генералӣ бахшида Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
НАШЪАМАНДӢ-ВАБОИ АСР. Саломатӣ ва озодиро интихоб намо, на вобастагиро!
Ҷаласаи Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ дар соли 2026 баргузор гардид
Кормандони гумрук аз гардиши ғайриқонунӣ 4 қуттӣ маҳсулоти тамокуӣ дарёфт ва мусодира намуданд
Байни Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Прокурори ҳарбии гарнизони Суғд: «Нақши Ваҳдати миллӣ дар рушди Қувваҳои Мусаллаҳ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ беназир аст»






