Барномаи «Бозтоб»-и Радиои «Ховар»: аз муоинаи тиббӣ гузаштани навхонадоронро баррасӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 18.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Муоинаи ҳатмии тиббии ҷавонон қабл аз издивоҷ ройгон ё пулакӣ ба роҳ монда шудааст? Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаронидани ҷавонон қабл аз издивоҷ» то куҷо никоҳи хешутабориро дар ҷомеа коҳиш дод? Дар татбиқи қонуни мазкур кадом монеаҳо дучор меоянд? Ба ин саволҳо ва дигар масъалаҳои ба ин мавзӯъ марбут Шумо метавонед аз барномаи «Бозтоб»-и Радиои «Ховар» посух пайдо намоед.
Бояд тазаккур дод, ки аз 1 июли соли 2016 дар ҷумҳурӣ аз муоинаи тиббӣ гузаштани навхонадорон ҳатмӣ гардид. Аммо дар ин самт як масъала то ҳол нигаронкунанда боқӣ мондааст. Ин ҳам бошад, масъалаи ройгон ё пулакӣ аз ташхис гузаштани ҷавонон мебошад. Чаро аз муоинаи тиббӣ гузаштани навхонадорон ба таври ройгон танҳо дар рӯйи коғаз боқӣ мондааст? Кӣ гунаҳгор, табибон ё худи нафарони аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранда?
Баррасии ин ва дигар паҳлӯҳои ин мавзӯъ дар барномаи навбатии «Бозтоб», ки 19 июни соли равон, соати 09:30 ва (такроран) 16:30 аз Радиои «Ховар» пешниҳоди шунавандагон мегардад. Муҳаррир ва ровии барнома Моҳинави Наврӯз.








ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад






