«БОЗТОБ» АЗ РАДИОИ «ХОВАР». Дар ин барнома масъалаи тарбияи наврасон баррасӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 12.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Чаро наврасон ба шабгардию оворагардӣ машғул мешаванд ва даст ба ҳуқуқвайронкунӣ мезананд? Мактабҳои махсус ин гуна наврасонро то куҷо ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд? Баррасии ин мавзӯъро дар барномаи навбатии «Бозтоб» аз радиои «Ховар» бишнавед.
Бо мақсади беҳтар намудани таълиму тарбияи насли наврас 2 августи соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид. Ҳарчанд наздик ба 10 сол аст, қонуни мазкур фаъолият дораду то андозае падару модаронро ҳушдор дод, ки онҳо бояд масъулиятро нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд дучанд гардонанд, аммо мушоҳидаҳо собит месозад, ки иддае аз волидон дар тарбияи фарзандон ҳоло ҳам ба беаҳамиятӣ роҳ медиҳанд. Дар баъзан маврид беаҳамиятии волидон то ҷое мерасад, ки фарзандони онҳо нисбат ба оила, мактаб, ҷомеа беэҳтиромӣ намуда ба корҳои нодуруст даст мезананд? Сабаб чист? Ё волидайн аз уҳдаи тарбияи дурусти фарзанд баромада наметавонад ва ё бархе наврасон дар воқеъ душвортарбия гардидаанд?
Баррасии ин мавзӯъ дар барномаи имрӯзаи «Бозтоб» соати 16:30 аз радиои «Ховар». Муҳаррир ва ровии барнома — Моҳинави НАВРӮЗ.








ҚОНУНИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН». Шарҳи он дар барномаи «Ватанпарвар»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ОБОДОНИИ МАҲАЛ». Мавзӯи мазкур дар барномаи «Зан ва зиндагӣ»-и Радиои «Ховар» баррасӣ карда мешавад
«АЗ ФУРӮҒ ТО ФУРӮҒ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» Мадина Каримзода доир ба ғолибияти худ дар озмуни ҷумҳуриявӣ маълумот медиҳад
«ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛОТИ БУЗУРГИ САЙЁРА». Баррасии мавзӯъ дар барномаи «Сарват»-и Радиои «Ховар»
«ЗАН ВА ЗИНДАГӢ». Дар ин барномаи Радиои «Ховар» мавзўи нақши бонувон дар рушди илмҳои дақиқ шарҳ дода мешавад
КОНФРОНСИ ОБИ СММ-2023. Раванди омодагӣ ба он дар барномаи таҳлилии «Сарват»-и Радиои «Ховар» баррасӣ мегардад






