«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ…». Шоми имрӯз дар шаҳри Душанбе даври аввали лотереяи бурдноки молӣ таҳти унвони «Китоб – манбаи дониш» ҷамъбаст мегардад
ДУШАНБЕ, 22.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Шоми имрӯз дар шаҳри Душанбе даври аввали лотереяи бурдноки молӣ таҳти унвони «Китоб – манбаи дониш» ҷамъбаст мегардад.
Иқдоми мазкур ба хотири таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талқин намудани китобхонӣ миёни хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва намояндагони касбу кори гуногун дар шаҳри Душанбе гузаронда шуд.
Директори Муассисаи нашриявии «Адиб» Давлат Сафар зимни суҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» ҳадафи баргузории чорабиниро ташвиқу тарғиб ва оммавигардонии мутолиаи китоб арзёбӣ намуд.
Ба иттилои номбурда, тибқи он ҳар нафаре, ки китоб харидорӣ намуд, соҳиби лоторея гардид. «Дар лоторея бурдҳои пулию молӣ (маблағ то 10 ҳазор сомонӣ, телефонҳои мобилӣ, ноутбукҳо ва ғайра) ҷой дода шудаанд. Инчунин шахсон ва идораҳое, ки бештар аз ҳама китоб харидорӣ намуданд, ба мукофоти алоҳидаи пулӣ сарфароз хоҳанд шуд», афзуд Давлат Сафар.
Ба зикри номбурда, аз рӯзи аввали баргузории намоиш-фурӯш аз 100 ҳазор китоби пешнҳодгардида, то ҳоли ҳозир зиёда аз 60 ҳазор китоб ба фурӯш рафтааст, ки ин аз он далолат медиҳад, ки мардуми тоҷик ҳавасмандии худро нисбат ба китобу китобдорӣ тақвият медиҳанд.
«Пеш аз ҳама ин иқдом ҷиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, бо ташаббуси Сарвари давлат баргузор гардидани озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ва соли 2019 дар қаламрави Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон гардидани Соли китоб роҳандозӣ мегардад»,- таъкид намуд мавсуф.
Номбурда зикр намуд, ки китобҳои пешниҳодгардида ҳамагӣ аз ҷиҳати маъно пурмазмун буда, сифати баланду нархи дастрасро доро мебошанд.
Мавриди зикр аст, ки ташаббускорони ин иқдом Муассисаи нашриявии «Адиб» ба шумор рафта, намоиши мазкур дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанг ва Вазорати молия ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе гузаронида мешавад.
Ёдовар мешавем, ки фурӯши китобҳо бо лотореяҳои бурднок аз рӯзи 11 майи соли равон оғоз гардида, то имрӯз ҳар рӯзи шанбе аз соати 9:00 то 13:00 дар боғи устод Рӯдакӣ ҷараён дошт.








Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад






