ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Санкт-Петербург ҷойи 11-умро ишғол кард

Июнь 14, 2019 10:12

ДУШАНБЕ, 14.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби наврасони то 17 солаи Тоҷикистон оид ба футбол 13 июни соли равон дар бозии охирини худ бар дастаи мунтахаби Ҳиндустон бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд

Шогирдони Зайниддин Раҳимов бо ин ғалаба дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Валентин Гранаткин, ки  дар шаҳри Санкт- Петурбурги Федератсяи Россия баргузор гардид, ҷои 11-умро ишғол карданд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар доданд, голи ягонаро  дар бозии мазкур  (дақиқаи 39) дидор Озодбек Панҷиев ба ҳадаф расонид.

Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби  наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи мазкур, ки як марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон-2019 маҳсуб  мешавад, дар умум 5 бозӣ анҷом дод.

Дар даври гурӯҳӣ бо дастаҳои  мунтахаби Юнон (4:4), Қирғизистон (1:1) мусовӣ бозӣ карда, аз дастаи мунтахаби Туркия (0:5) мағлуб шуд. Сипас  дар бозӣ барои ҷойҳои 9-12 аз дастаи мунтахаби  Арманистон (0:3) шикаст хурда, дар бозӣ барои ҷои 11-ум бар  дастаи мунтахаби  Ҳиндустон (1:0) пирӯз шуд.

Бояд зикр кард, ки дар бозӣ барои ҷои 9-ум дастаи  мунтахаби Арманистон тими мунтахаби  Қирғизистонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

Хотиррасон мешавем, ки 13 июн дастаҳои мунтахаби Молдова бо Булғория барои ҷои ҳафтум, Эрон  бо  Юнон барои ҷои панҷум бозӣ  карданд.

Имрӯз, 14 июн  футболбозони дастаҳои Россия-2 бо  Туркия барои ҷои сеюм ва дастаҳои  мунтахаби  Россия  бо  Аргентина дар финал бо ҳам вомехӯранд.

Июнь 14, 2019 10:12

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд