«Хизмат ба падару модар аз тоату ибодат ва рӯзаву намоз болотар аст». Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии волидайн

Июнь 1, 2019 09:53

ДУШАНБЕ, 01.06.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар тамоми дунё   Рӯзи волидайн таҷлил карда мешавад.  Таҷлили  ин   сана  аз соли 2012 инҷониб бо қарори Асамблеяи СММ ба роҳ монда шудааст. Падару модар на танҳо дар ҳаёти фарзанд, балки дар тамоми ҷамъият нақши муассир дорад. Некӯаҳволӣ ва рушди ҷамъият маҳз аз тарбияи дурусти фарзанд, ташаккули шахсият ва хусусияти онҳо вобаста аст.

Бояд гуфт,  ки дар зеҳни кӯдак тамоми хислатҳо, гуфтору рафтори манфию мусбати волидайн инъикоси худро меёбанд. Маҳз ба хотири аз таълиму тарбияи дуруст бархӯрдор будани ноболиғону наврасон ва аз ҳисси баланди масъулиятшиносӣ баҳраманд гардидани волидайн Ҳукумати мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро қабул намуд.

Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»  боз ҳам баланд бардоштан ва пурзўр намудани масъулияти  волидайн дар раванди таълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватандорӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии фарзанд ва насли наврас дар ҷомеа мебошад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 зимни суханронии худ дар вохӯрӣ бахшида ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» гуфта буданд, ки «ҳоло равиши тарбиявии қисми зиёди падару модар ҳамон равиши тарбиявии суннатие аст, ки дар гузашта дар фазои он худашон тарбия ёфтаанд. Бо ин равиш намешавад фарзандро барои замони муосир, замони рушди босуръати техника ва технологияи нав тарбия кард. Дар ин маврид дар шароити ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки на танҳо тарҳи тарбия, инчунин тарҳи таълимро ба таври куллӣ таҷдиди назар намоем».

Ба ин хотир тарбияи кӯдакро бояд бо назардошти табиати ӯ ва муҳит анҷом дод. Аз ин рӯ, мақсади тарбия рушду инкишоф додани зарфияти ботинӣ ва қувваи фаҳми кӯдак буда, он набояд маҷбурӣ ва ба воситаи зӯру танбеҳ амалӣ шавад. Тавре шоири барҷаста Абулқосим Фирдавсӣ гуфтааст:

Чу фармонпазиранда бошад писар,

Навозанда бояд, ки бошад падар.

Яке аз беҳтарин усули тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ифтихори ватандорӣ рафтори намунавии худи падару модар мебошад. Ҷалб намудани диққати фарзандон ба дастовардҳои миллӣ ва огоҳӣ аз қаҳрамонони миллӣ ба рушди ҳисси ватандӯстӣ мусоидат менамояд. Барои он ки дар тафаккури фарзандон ақидаи ғаразноки ҷиноӣ, аз ҷумла, террористӣ роҳ наёбад, онҳоро бояд тарбия  намуд, то ки ба муқобили падидаҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир бошанд.

Сардафтари адабиёти классики тоҷик Устод Рӯдакӣ илму хирад (ақл)-ро яке аз сарчашмаҳои асосии инкишофи  инсон мешуморид:

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшван аст.

Дар сархати 8-уми моддаи 7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омада, ки падару модар ҳуқуқ доранд бо раванди таълиму тарбия, мазмуни таҳсилот, давомот ва сатҳу сифати донишандӯзии фарзанд шинос шаванд.

Аз ин рӯ, саъю талош бояд кард, ки дар ҳамбастагию иртибот бо муассисаи таълимӣ ва аҳли ҷомеа падару модарон рисолати хешро дар тарбияи ҳамаҷонибаи фарзанд сарбаландона иҷро намуда, наслеро ба воя расонанд, ки дар рушду тараққии мамлакат  саҳми созандаи худро гузоранд.

Пеш аз ҳама барои инкишоёфбии донишу малака ва тарбияву маърифати фарзанд бояд ҳамкории муассисаи таълимӣ бо волидайн зиёд бошад, зеро ин барои рушди дониши таълимгиранда кўмаки ҳамаҷониба мерасонад.

Мусаллам аст, ки кўдак наметавонад дар танҳоӣ илми лозимаро аз худ намояд. Барои беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбияи дуруст волидайнро зарур аст, ки дар ин кор ба ӯ дар баробари устодон кӯмак намоянд. Инчунин бо  рафтору гуфтор, нишасту хез, намунаи ибрат бошанд, зеро кўдакон маҳз ба падару модари худ тақлид мекунанд.

Барои падару модар касбу ҳунар ва одоби ҳамидаи фарзанд мояи ифтихор аст. Ҳамин гуна тамоми паҳлўҳои зиндагӣ ва фаъолияти ибратомўзи падару модар ҳам барои фарзанд мояи  ифтихор мебошад.

Волидон бобати маълумотноку соҳибкасб гардидани фарзандон шароити зарурӣ ба вуҷуд оварда, барои интихоб ва тайёр шудани онҳо ба касбу ихтисоси маъқулашон бояд мусоидат намоянд.

Абўали ибни Сино рисолаи «Тадбири манзил»-ро ба масъалаҳои оилавӣ бахшида, ақидаҳояшро дар бобати тарбияи фарзанд баён намуда менависад: «ҳуқуқи фарзанд дар зиммаи падар ин аст, ки вайро номи накў бимонад ва кўдакро аз корҳои ношоям ҳифз намояд, фарзандашро хуб донад ва омўзад, ки воситаи ягонаи омўзиши фарзанд ин мушоҳида мебошад».

Мутаассифона, имрӯзҳо аз беаҳамиятӣ ва беназорат мондани фарзандон ноболиғон даст ба ҷинояту авбошӣ мезананд. Бино ба иттилои Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чор моҳи соли равон  аз ҷониби ноболиғон 261 ҳолати ҷиноят содир шудааст, ки дар он 209 нафар ноболиғ иштирок намудаанд.  Миёни ҷиноятсодиркунандагон 152 нафар ноболиғ нафаронеанд, ки дар ягон ҷое кор ва таҳсил намекунанд. Ҳолати ҷиноятсодиркунӣ дар ҷумҳурӣ аз ҷониби ноболиғон дар ҳамин давраи соли сипаригардида 350 ҳолатро ташкил медод, ки 89  ҳолат камшавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 34 фоиз кам гаштааст. Ба иттилои манбаъ, бештари ҷиноятҳои аз ҷониби ноболиғон содир гардида, дуздӣ аст, ки дар якҷоягӣ бо калонсолон содир шудааст. Дар 4 моҳи соли ҷорӣ ҷинояти дуздӣ 198 ҳолатро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам гаштааст, ки 262 ҷиноятро ташкил медод.

Бояд гуфт, ки дар тарбияи насли наврас ҷомеа низ нақши бузургеро иҷро мекунад. Агар маърифати ҷомеа созгор ва муҳит солим бошад, раванди тарбия самаранок шакл мегирад. Тарбияи оилавӣ кори муҳим буда, аз волидайн ҷиддият ва масъулияти бузургро талаб мекунад. Вазифаи падару модар, ки дар тарбияи фарзанд баробар масъуланд, ба воя расонидани фарзандони дорои  ахлоқи накў ва ба ҷомеа нафърасон мебошад

Тавре муттафаккири барҷастаи шарқ  Муҳаммад Ғаззолӣ гуфтааст: «Фарзанд амонат аст дар дасти падару модар ва дили фарзанд нафис асту нақшпазир, ҳар нақше, ки ба ў гузорӣ, чун мушк ба худ бигирад ва чун замин пок аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модар ва муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ўро ба ҳолаш гузорӣ ва ба ҳарчӣ хоҳад, нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ макун».

Дар навбати худ фарзандон низ бояд нисбат ба  падару модари худ боэҳтиромона муносибат намоянд. Зеро ҳар қадаре, ҳурмату эҳтироми падару модар ба ҷой орем, боз ҳам кам аст, зеро онҳо шоистаи беҳтарин суханони неку дилписандтарин муомила мебошанд.

Эҳтироми падару модар барои ҳар фард зарур аст. Ҳаргиз иҷозат надиҳем, ки ашхосе ба иззати нафси падару модар бирасад ва бикӯшем, то ҳама ба волидайн эҳтиром дошта бошем. Зеро бузургон низ фармудаанд, ки биҳишти хонадон модар асту сутунаш падар.

Шоир Носири Хусрав фармудаанд:

Ба пирӣ хидмати модар, падар кун.

Ҷавонию ҷунун аз сар бадар кун!

Дар ин маврид Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз баромадҳояшон чунин таъкид намудаанд: «Хизмат ба падару модар аз тоату ибодат ва рӯзаву намоз болотар аст».

 Зарангези ЛАТИФ,
                                                                                    АМИТ «Ховар»

Июнь 1, 2019 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ
Профессор Мурод Муродӣ: «Барои ислом худнамоӣ ва шуҳратпарастӣ бегона аст, мусулмони ҳақиқӣ амали хайрашро пинҳонӣ ба анҷом мерасонад»
Президенти Тоҷикистон: «Ҷашни Наврӯз ва истиқлолу озодӣ – ин ду мафҳуми барои ҳар яки мо азизу муқаддас аст»
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин