КӮҲИ ТАМАРА. Қатли муаллимаи равшанзамир аз дасти кӯрдилони муттаассиб дар солҳои шуми босмачигарӣ дар кӯҳистони Вахё

Июнь 24, 2019 16:55

ДУШАНБЕ, 24.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Сангвор қуллаи баланде бо номи Кӯҳи Тамара машҳур аст. Нақл мекунанд, ки солҳои босмачигарӣ мутаассибони (ифротгароёни) исломӣ муаллимаи ҷавон Тамараро барои ба наврасон омӯзонидани забони русӣ ва илму маърифати дунявӣ аввал азият дода, сипас аз болои ин қулла ба поён партофта, куштаанд…

Сокини ноҳияи Сангвор дар ин бора чунин ҳикоят мекунад: 

Омўзгор ва донишу маърифат дар ҳама марҳилаҳои зиндагии инсон ба масобаи пешбарандаи рўзгор ва ривоҷу равнақи ҷомеаи инсонӣ шинохта шудааст. Ҳар давру замон инсоният вобаста аз шинохти дуруст ва маърифати накў тавонистааст ҳақоиқи олами мавҷударо равшан созад ва бо дарки ин воқеият зиндагии хеш ҷомеа ва ҷаҳони худро созад.

Дар ин раванд нақши муҷаллои омўзгор ниҳоятан муҳим аст. Ба таври дигар ин омўзгоронанд, ки меҳвари пешбарандаи тамаддуни инсонӣ ба ҳисоб мераванд ва бо роҳи тарбияти накў донишро дар зеҳни инсон ҷойгоҳ бахшида, онро ба шахсият табдил медиҳанд. Яъне саҳми омўзгор дар ташаккули тамаддуни башар муҳим ва муассир аст. Шахсияти устод ва донишу ҷаҳонбинии ў ба мисли офтобест, ки медурахшад ва роҳро барои шогирдон рўшаноӣ мебахшад. Дар ҳар ҷомеа вобаста ба ин ки муаллим чи ҷойгоҳу мақомеро дорад пешрафти онро метавон муайян намуд. Зеро пешрафти ҳар ҷомеа вобаста аз сатҳи дониш ва фарогирии маърифати илмии бошандагони он вобаста аст. Яъне агар дар ҷомеа  ҳар қадар сатҳи дониш ва илму маърифат боло бошад, ҳамон қадар мушкили ин ҷомеа камтар буда, осебпазириаш низ коҳиш меёбад. Иртиботи иҷтимоӣ дар сатҳи донишу маърифат қарор гирифта, ҷомеа дар сатҳи тавозун пеш меравад. Ҳамин аст, ки башарият ҳамеша ва дар ҳама маврид ба омўзгор, омўзишу парвариш ва мактабу маориф ниёз дорад. Вуҷуди омўзгор ва ҷойгоҳи баланди иҷтимоии ў сабаб мешавад то дар ҳама соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ мутахассисон ба вуҷуд оянд ва барои пешрафти ҷомеа саҳми хешро гузоранд.

Дар баробари ин марҳилаҳои муайянеро дар сарнавишти миллатҳо ва давлатҳо метавон мушоҳида кард, ки  илму маориф мартабаю эътибори хешро аз даст дода таассубу хурофот ва нодониву ҷаҳолат ҷойгоҳи муҳим пайдо мекунад, хирадгароӣ мақоми худро аз даст дода гумон ва бовару шоеот ҷойгоҳи махсус касб менамояд. Чунин ҷомеа сахт таассубзада хурофотӣ аз ҳам пошида, нотавон, дармонда ва хуллас пур аз мушкил ва гирифторист. Дар ин навъи ҷомеа таваҳҳум бар  хираду дониш ҳоким аст. Донишманд, омўзгор ва аҳли илму маърифат дар хорию забунӣ қарор мегирад ва дар сарсонию оворагӣ ба сар мебарад. Ҷаҳл, таассуб ва нодонию хурофот бедод мекунад. Ҷоҳилу нодон хешро дар либоси олиму донишманд ҷилва медиҳанд ва ҳамчун сарсахттарин душмани илму маърифат баромад намуда, ба донишмандони воқеӣ ҳазорон барчаспу шоеотро таҳвил мекунанд. Ин гуна рашк бухл ва нотавонбинӣ дар тӯли таърихи башар сабаби аз байн рафтани ҳазорон ҳазор донишмандони воқеӣ ва дар кураи оташи нафрини ҷаҳолатпешагон сӯхтани осори онҳо гардидааст.

Мусаллам аст, ки яке аз сабабҳои асосии ақибмондагии Аморати Бухоро ва зери мустамликаи императории рус рафтани он нодонӣ, хурофот, таассубу ҷаҳолат ва ҷомеаи суннатгарову тақдирзада буд. Ин кишвар дар баробари донишу маърифати ҷаҳонии вақт ақибмонда ва вопасгаро буд. Ҳанўз дар баробари дониши навини башарӣ ва фановариҳои аз таровиши мағзи он эҷод шуда, бехабар буд. Зеро табақаи ҳоким ва қишри рўҳонии ин ҷомеа барои пазируфтани донишҳои навин имкон намедоданд ва барояшон дар вазъи инҳитоту сарбастагӣ нодонии саросарӣ қарор додани ҷомеа муҳим буд. Чун бунёди ин давлатро таассуб, хурофот, нодонӣ, динмеҳварӣ ташкил мекард. Аз ин рў онҳо бо ҳар нафаре, ки донишу илми муосири замонро аз худ карда дар баробари тафаккури мавҷудаи ҷомеа чизи наверо пешниҳод кунад, онро душман қарор дода, ба он барчаспҳои муртаду кофир ва амсоли инро илова мекарданд. Ҳамин буд, ки Аморати Бухоро то охирин лаҳзаи аз байн рафтан ва табақаи ҳокиму тарафдорони он бар муқобили дониш ақлу хирад ва фановариҳои башарӣ мубориза бурданд ва натиҷатан ноком гашта, давлаташон низ ба фано рафт.

Бо баробари мустақар шудани ҳокимияти шуравӣ дар қаламрави Аморати Бухоро яке аз асоситарин сабаби ақибмондагӣ ва нодонии мардуми минтақаро дар набуди донишҳои дурусти илмиву муосир муаяйн намуда, ҷараёни ҳамагонӣ кардани дониш ё маҳви бесаводиро  дар қаламрави хеш ба роҳ монд. Ҳамин буд, ки таъсиси мактабҳои навъи нав ва таълиму тадриси улуми муосир  дар онҳо ба роҳ монда шуд. Аз шаҳрҳо ва марказҳои маъмурӣ нафарони бо дониши навин мусаллатшударо ба минтақаҳо сафарбар намуд. Аз норасоии муаллиму омўзгор, ки дар маҳалҳо эҳсос мешуд, ҷиҳати рафъи ин камбуд аз миллатҳо ва ҷумҳуриҳои дигари шўравӣ мутахассисонро ба минтақаҳо ҷиҳати ҳамагонӣ кардани дониш сафарбар карда буд.

Яке аз чунин нафарон, ки ба ҳайси муаллими аввалини мактабҳои нав соли 1923 ба минтақаи кӯҳистони Сангвор фиристода шуд, русзане бо номи Тамара буд, ки аслан зодаи Гурҷистон буд. Вай ба ҳайси яке аз муаллимони якумин ба ин минтақа фиристода шуда, аввалин тарзи таълимро дар мактабҳои навъи нави ин минтақа ба роҳ монд. Дар як муддати кўтоҳ дар дили бошандагони ин минтақа маҳбубият пайдо карда, аввалин шогирдонро дар самти маҳви бесаводӣ омода намуд. Мусаллам аст, ки солҳои 20-уми қарни гузашта равияи зиддиинсонӣ ва ғоратгариву ифротгароии босмачиён, ки мехостанд ҳокимияти амириро дубора дар минтақа барқарор кунанд, бедодгарӣ менамуд. Мардумони қисматҳои гуногуни Осиёи Марказӣ тайи солҳои 20-уми қарни гузашта борҳо шоҳиди бедодгариҳои босмачиён гардидаанд ва даҳшати ғоратгарӣ, куштори ваҳшиёна ва бардаву канизгардонидани мардумонро дар ин минтақа хуб дар хотир доранд. Навоҳии минтақаи Рашт ва махсусан Сангвор низ борҳо ҳадафи ҳамлаву ғорати босмачиён қарор гирифта, садҳо нафар дигарандешон бо ҷурми ҷадид ва дигарандешӣ мавриди қатл қарор гирифтаанд. Қобили қайд аст, ки босмачиён душмани сарсахти илму маърифат ва мактакбу маориф буда, ба ҷуз аз донишҳои маҳдудуди мазҳабии хеш ҳамаро куфру бидъат меҳисобиданд.

Масалан, босмачиҳои хунхор аввалин муаллимаҳои тоҷик дар минтақаи Рашт – Сайрамбӣ, Майрамбӣ ва Оламбиро, ки солҳои аввали ҳокимияти шӯравӣ  ба фарзандони мардум саводу дониш меомӯзонданд, бо ваҳшоният қатл карда буданд.

Дар яке аз чунин набардҳои нобаробар, ки босмачиён минтақаи Сангворро барои муддате зери тасарруфи худ дароварда буданд, аз аввалин коре, ки анҷом доданд тарафдорони ҳукумати Шўравӣ ва махсусан муаллимонро ба қатл маҳкум карданд. Дар миёни ин нафарони ба қатл маҳкумшуда, муаллимаи зикршуда  Тамара низ буд. Таассубзадагони нохалафи босмачӣ Тамараро ба хотири муаллима буданаш ва ба мардум илму дониш омӯхтанаш кофир эълон карданд ва ӯро бо бераҳмии хоси асримиёнагӣ аввал азоб дода, сипас аз болои яке аз қуллаҳои кўҳсори Ноҳияи Сангвор ба поён партофта куштанд.

Азбаски Тамара тавассути муносибати самимии хеш нисбат ба мардуми маҳаллӣ ва дониш омӯзондану тарбия кардани шогирдон дар дили сокинони минтақаи Сангвор ҷойгоҳ пайдо намуда буд, ҳамон кӯҳеро, ки аз болояш ӯро босмачиҳо партофта кушта буданд, кӯҳи “Тамара” ном ниҳодаанд. Ин кӯҳ то ҳанӯз маҳз бо ҳамин ном ёд мешавад ва машҳур аст.

Қиссаи қаҳрамонии муаллима Тамарабону дар Вахё, ҳушу зеҳни мардуми закиро ба ёди воқеаҳои на чандони дури солҳои 90-уми асри 20 мебарад. Қиёси ин ҳодисаҳои нангини таърих барои ояндагон ибратомӯз аст. Гӯё, ки чизе тағйир ва санге ба санге барнахӯрдааст. Исломгароёни тундрави наҳзатӣ дар умқи сиёсати ҷангҷӯёнаашон, муаллиму омӯзгорро душман медонистанд, онҳоро ба куфру илҳод маҳкум мекарданд, қисмеро дар бочкаҳои сунъӣ меандохтанд ва аз онҳо сирри тарафи муқобилро металабиданд, дигаронро пӯст меканданд, мекуштанд. Ҳаммомҳо, ки дар асл қатлгоҳ буданд, хонаҳое, ки дар ҳақиқат зиндони пинҳонӣ буданд, бренди фаъолияти наҳзатиҳои 90-ум ва авлодони босмачиҳо буд. Наҳзат дар ғарқ кардану ба дор овехтану аз кӯҳ партофтани инсонҳо дар таърих ҳамто надошт ва надорад. Ҳоло ҳам ба эҷоди камарбанди террористӣ дар ниқоби нав, вале ақидаи кӯҳна дар таркиби Паймони зиддимиллӣ машғул ба коранд, то дар ниҳоди аҳолӣ ақидаи пучи   босмачиро ҷой кунанд. Хушбахтона, насли бедор ва ҳушёри имрӯза ҳаргиз ба ин кӯтаҳақлони аср иҷозати ноором кардани кишварро нахоҳад дод. Ин армонашонро онҳо ба гӯр хоҳанд бурд.

Қиссаи мазкур, ки асоси воқеӣ дорад, далели он аст, ки кору пайкори накўи одамон, махсусан агар он ба хотири донишу маърифат ва инсоният буда бошад дар ёду зеҳни инсонҳо боқӣ мемонад ва ба қавли Саъдии Шерозӣ:

Саъдиё марди накуном намирад, ҳаргиз,
Мурда он аст, ки номаш ба накуӣ набаранд.

Босмачиҳои палид амали басо нангину заифона ва тарсуёнаеро анҷом дода, муаллимаи ҷавон – Тамараро бо тарзи бераҳмона ҷисман нобуд карданд, вале дар назди рӯҳи тавоно ва озоди вай мағлуб гардиданд. Рӯҳи Тамара то ҳанӯз мисли ҳамон кӯҳи азим побарҷост ва хотираи неки вай дар қалбҳои мардуми тоҷик ва хусусан сокинони Сангвор макон гирифтааст. Лекин аз босмачиҳо ному нишоне намондааст ва онҳоро мардум танҳо бо бадӣ ёд мекунанд ва лаънаташон мехонанд.


Алиев Давлат Мурватович,
корманди Қасри фарҳанги
ноҳияи Сангвор, шоир

Июнь 24, 2019 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАҚШИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз омадани сел дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳушдор медиҳад
Дар шаҳри Омск Форуми 4-уми сарварони ҷавони Русия ва давлатҳои Осиёи Марказӣ оғоз ёфт
Ҷумҳурии Тоҷикистон 67-умин давлат дар самти манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдак гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак оғоз гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хоруғ Маркази стоматологӣ кушода шуд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бо Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид
Дар вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ оид ба вазъи зимистонгузаронӣ доир шуд
Дар шаҳри Истаравшан Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
Муколамаи навбатии занони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон баргузор мегардад
Дар Душанбе масъалаи омода намудани мутахассисон дар самти ҳолатҳои фавқулода баррасӣ шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДОНИШҶӮЁН. Ҷавонони тоҷик дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон таҳсили намунавӣ менамоянд