Кӯлоби бостонӣ мизбони Форуми байналмилалии сармоягузорӣ мегардад

Июнь 1, 2019 10:22

ДУШАНБЕ, 01.06.2019/АМИТ «Ховар»/. 14 июн шаҳри бостонии Кӯлоб мизбони ҳамоиши байналмилалии сармоягузорон мегардад.  Интизор меравад, ки дар Форуми байналмилалии сармоягузории  «Кӯлоб-2019» , беш  аз 20 нафар сармоягузорон аз Россия, Чин,  Қазоқистон,Ӯзбекистон  ва дигар кишварҳои  арабию аврупоӣ ва соҳибкорони  ватанӣ  дар маҷмӯъ 300 нафар намояндагони доираҳои соҳибкорию тиҷоратӣ иштирок намоянд.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз созмондиҳандагони Форуми байналмилалии  сармоягузории «Кӯлоб-2019» маҳсуб меёбад. Муаррифии имкониятҳои  сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани иқтидори  содиротии  вилояти Хатлон аз ҳадафҳои асосии Форуми байналмилалии  «Кӯлоб-2019»  арзёбӣ мегардад. Инчунин дар чаҳорчӯбаи ҳамоиши байналмилалӣ дастовард ва имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии  Тоҷикистон   муаррифӣ мегарданд.

Дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини  сардори Раёсати пешбурди фаъолияти  сармоягузории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Нуруллозода гуфт, ки  дар ҷараёни Форуми байналмилалии сармояугзории «Кӯлоб -2019» иштирокдорони он  татбиқи лоиҳаҳои  муштракро дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат,  нақлиёт, логистика, кишоварзӣ, рушди содирот ва дигар бахшҳои афзалиятноки  иқтисодиёти мамлактаро баррасӣ менамоянд. Дар доираи Форуми байналмилалии «Кӯлоб-2019» корхонаю ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон маҳсулоти худро ба намоиш мегузоранд. Баргузории ҳамоиши байналмилалии сармоягузорӣ  дар ҷануби Тоҷикистон  барои рушди иқтисодиёти ин минтақа, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ  бо кишварҳои хориҷӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди иқтисоди Тоҷикистон хоса вилояти Хатлон муҳим арзёбӣ мегардад. То ҷое мусаллам аст, дар вилояти Хатлон ду Минтақаи озоди иқтисодӣ — «Данғара»   ва  «Панҷ» фаъолият доранд, ки онҳо майдони фарохеанд барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар руши иқтисоди Тоҷикистон.

Июнь 1, 2019 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид