Кумитаи рушди сайёҳӣ 10 ҷаззобияти сафар ба Тоҷикистонро тартиб дод

Июнь 28, 2019 09:37

ДУШАНБЕ, 28.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи сайёҳоне, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан мекунаду бо худ хотироти нек мебардоранд, сол ба сол меафзояд. Ҳамаи ин натиҷаи талошҳо ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд, мебошад.

Эълон намудани соли 2018 ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва идомаи он «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» солҳои 2019-2021 таҳаввулоти чашмрасеро дар ин соҳа ба вуҷуд овард. Бо такя ба чорабиниҳои муассире, ки идома доранд, метавон гуфт, ки минбаъд сайёҳӣ яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёти мамлакатро ифода мекунад.

Ба вуҷуд овардани инфросохтори сайёҳии ҷавобгӯ ба стандартҳои муосири сайёҳӣ, пешниҳоди имтиёзҳо, афзудани хатсайрҳо ва шаклҳои сайёҳӣ,  беҳ гардидани шароити пазироии сайёҳон, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарғибу ташвиқи ҷолибиятҳои сайёҳӣ дар фазои иттилоотӣ, роҳандозии ҳуҷҷатгузории электронӣ барои сайёҳон ва монанди инҳо аз қабили дастовардҳое мебошанд, ки рушди сайёҳиро дар чанд соли ахир дарбар мегиранд.

Дар баробари ин дастовардҳо, боигариҳои табии сайёҳӣ, табиати нодир, ёдгориҳои таърихӣ, обҳои мусаффову шифобахш ва пешравиҳои рӯзафзуни Ватани маҳбубамон ангезаҳои ҷалби сайёҳон ба шумор мераванд. Ҳамин аст, ки ҷумҳурии  мо дар минтақа барои сайёҳати экологӣ, кӯҳнавардӣ, табобатию солимгардонӣ, таърихию фарҳангӣ ва этнографӣ бузургтарин иқтидорро доро мебошад. Ин баҳодиҳӣ хулосаи ва назари сайёҳону намояндагони созмонҳои байналмилалӣ мебошад.

Бо мақсади дақиқ намудании баъзе ҷаззобиятҳои ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳӣ бо такя ба омӯзишҳо ва боздиду назари сайёҳон 10 ангезаи сафари сайёҳони дохилию хориҷиро мураттаб намуд. Ин раддабандӣ бо забонҳои русию англисӣ таҳия шудааст. Ин омилҳо кадомҳоянд? Чӣ ҷаззобияте барои сайёҳон доранд? Чаро ангезаи ҷалби сайёҳон гардиданд? Шумо метавонед бо пахш намудани  навиштаҷоти поён бо ин омилҳо дар шакли PDF  шинос шавед:

10 ПРИЧИН ПОСЕТИТЬ ТАДЖИКИСТАН (PDF)

10 REASONS TO VISIT TAJIKISTAN (PDF)

Июнь 28, 2019 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар Муъминобод форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ баргузор мегардад
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
Дар Душанбе ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ муҳокима гардид
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олии Русия тақвият меёбад
Ба муносибати Рӯзи пойтахт хатсайри сайёҳии «Сайри шомгоҳии Душанбе» ташкил карда мешавад
Дар конфронси байналмилалӣ тамоюлҳои муосири таъмини ҳуқуқии рушди устувор, рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ баррасӣ шуданд
САЙЁҲӢ — МУҲАРРИКИ РУШДИ УСТУВОР. Дар Душанбе дар ин мавзуъ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
Форуми сеюми байналмилалии «Суғд–чорроҳаи Роҳи Бузурги Абрешим» оғоз шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон расман ҳамоҳангсози миллии шабакаи «UI GreenMetric» ва ташаббусҳои «сабз» дар Тоҷикистон гардид
Бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон намоиши аксҳои Душанбе оғоз ёфт
ДАРАХТИ ДӮСТӢ БИНШОН. Ректорони донишгоҳҳои «сабз» беш аз 50 бех ниҳоли дарахти ҳамешасабз шинониданд