Майдончаи варзишӣ-дастовези идонаи Суди Олӣ ба сокинони кӯчаи Н. Қарабоеви Душанбе

Июнь 22, 2019 11:48

ДУШАНБЕ, 22.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ имрӯз дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви шаҳри Душанбе  дар доираи  иқдомҳои созандагӣ ва  бунёдкоронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор дода шуд, ки он аз ҷониби  Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунёд гардидааст.

Дар маросими ифтитоҳи майдончаи варзишӣ Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ва  муовини раиси шаҳри Душанбе Толиб Раҳимзода,   намояндагону кормандони сохторҳои дигари пойтахт иштирок намуда, мавриди баҳрабарорӣ қарор додани  ин иншооти варзиширо дастовези арзандаи идона ба сокинони  кӯчаи мазкур арзёбӣ намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки  тамоми корҳои  сохтмонии майдончаи варзишӣ, вобаста ба сохтмон, ободонӣ, кабудизоркунӣ ва насби  таҷҳизоти варзишию истироҳатӣ  бо ҷалби мутахассисони соҳаи марбута  бо риояи  меъёру қоидаҳои  сохтмонӣ дар асоси лоиҳаи тасдиқгардида ва дар мувофиқа бо сохторҳои  марбутаи шаҳри Душанбе ба анҷом расонида шудааст.

Дар майдончаи варзишӣ  барои бозии кӯдакон, истироҳати сокинон  ва варзиши  онҳо таҷҳизотҳои гуногуни истироҳатию варзишӣ ва нишастгоҳҳу айвонча насб гардидааст. Ин иншооти варзишӣ дорои майдончаҳо барои бозиҳои гуногун, аз қабили футбол, баскетбол ва волейбол мебошад.

Ҳамзамон дар  атрофи майдончаи варзишӣ  беш аз 80 бех дарахтони арчаҳои бисёрсола, инчунин гулу буттаҳои ороишӣ шинонида шудаанд, ки  ба ин мавзеъ ҳусну таровати тоза зам менамоянд.

Бунёди чунин майдончаҳои варзишӣ дар пойтахт  барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш, ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш, истироҳати бофароғати сокинону меҳмонон ва инчунин  ободу зебо гардидани  симои пойтахт мусоидат менамояд.


Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Июнь 22, 2019 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Турсунзода бинои нави Шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон баргузор мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Истиқлол сохтмони марҳилаи дуюми корхонаи металлургӣ идома дорад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ. Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ёвон корҳои созандагию ободкорӣ вусъат меёбанд
Дар озмуни вилоятӣ Хуҷанд дар соли 2025 шаҳри беҳтарин дониста шуд
Балаҷон Ёқубов бо 15 ҳазор сомонӣ мушкилии даҳсолаи чорводорону сокинони минтақаи кӯҳиро дар ноҳияи Лахш бартараф намуд
Кӯлоб «Шаҳри беҳтарин» ва Данғара «Ноҳияи беҳтарин»-и соли 2025 дар вилояти Хатлон муайян гардиданд
Ёвон дар номинатсияи «Ноҳияи беҳтарин» дар вилояти Хатлон сазовори ҷойи дуюм гардид
Соли 2025 дар шаҳри Ҳисор қариб 70 км роҳ мумфарш карда шуд
Дар шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич бинои Маркази ҷавонон сохта мешавад
Дар Хуҷанд Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ бунёд карда мешавад