МАРКАЗИ БАРНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: қабули ҳуҷҷатҳо ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ аз рӯи зинаҳои гуногун барои соли таҳсили 2019-2020 идома дорад

Июнь 14, 2019 11:55

ДУШАНБЕ, 14.06.2019 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти довталабон мерасонад, ки қабули ҳуҷҷатҳо ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ аз ҳисоби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон», Донишгоҳи политехникии Москва, Донишгоҳи давлатии техникии авиатсияи граждании Москва, Донишгоҳи давлатии Воронеж, Донишгоҳи давлатии энергетики Иванова, Донишгоҳи давлатии роҳҳои алоқаи Самара, Донишгоҳи давлатии роҳҳои алоқаи шарқи Дур ва Донишгоҳи давлатии аграрии Саратов аз рӯи зинаҳои гуногун барои соли таҳсили 2019-2020 идома дорад.

Хоҳишмандон метавонанд барои дарёфти маълумоти бештар ва сабти ном ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода 47, тавассути телефонҳои 223-23-59, 223-23-57 дар тамос шаванд ва ё аз сомонаи edu-cip.tj ва шабакаҳои иҷтимоии «facebook» ва «instagram» онро дастрас намоянд.

Июнь 14, 2019 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад